Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби мушкили Конгресс байни ду роҳи ҳамкорӣ ва мухолифат


Бо ин ки то поёни замони маъмурияти президенти ҷумҳурихоҳи Амрико Ҷорҷ Буш 2 соли дигар боқӣ мемонад, назорати аксарияти курсиҳо дар ҳарду маҷлиси Конгресси ин кишвар - ҳам дар Маҷлиси намояндагон ва ҳам дар Сенат - расман ба дасти намояндагони ҳизби мухолифи демократ гузашт. Ҳизби демократ ба ин тартиб, баъди 12 соли фосила дубора назорати ҳарду палатаи Конгрессро ба даст овард. Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи чоршанбе дар як рӯзи пеш аз адои савганд ва оғози кори нахустин иҷлосияи ҳайъати нави Конгресс гуфт: "Ман онҳоро табрик мекунам. Ман вуруди онҳоро истиқбол мекунам ва ман ва ҳамин тавр аъзои кобинаам беқаророна мунтазири ҳамкорӣ бо онҳоем."

Тавре ба назар мерасад, демократҳо, ки дар интихоботи ду моҳи пеши Конгресс бар ҳизби ҷумҳурихоҳ баранда шуданд, низ аз пешниҳоди ҳамкорӣ ва хусусияти дуҳизбӣ касб кардани парлумони Амрико пуштибонӣ мекунанд.
Ненси Пелоси, вакили демократ аз аёлати Калифорния, нахустин зане, ки ба курсии раисии маҷлиси намояндагони Конгресс менишинад, ҳанӯз дар моҳи ноябр, дар пайи маълум шудани натоиҷи интихобот гуфта буд: "Мо кори таърихиеро анҷом додем. Акнун мо бояд боз ҳам ба пеш ҳаракат кунем ва ба хотири ин ман хоҳони ҳамкорӣ бо президент ҳастам."

Вале Ненси Пелоси баъдан изҳор дошт, ки маҷлиси намояндагон рӯзҳои аввали фаъолияташро сарфи баррасии масоиле ба мисли коҳиш додани ёронаҳо ба саноеъи нафт хоҳад кард. Яъне сарфи баррасии масоиле, ки демократҳо аз қабл пешниҳод мекарданд, вале аз сӯи ҳайъати пешин ва аксаран ҷумҳурихоҳи Конгресс радд мешуд. Ва аммо дар матлабе, ки маҷаллаи "Wall Street Journal" нашр кардааст, президент Буш демократҳоро аз ҳар навъ бозии якҷониба дар Конгресс ҳушдор дода ва изҳор доштааст, поёни чунин роҳ ба гуфтаи вай, "ба бунбаст" хоҳад бурд.

Рафтори эҳтимолии аксарияти нави маҷлиси намояндагон ҳамин тавр мояи нигаронии вакилони ҷумҳурихоҳ мебошад. Бархе аз вукалои ҷумҳурихоҳ тарс доранд, ки аксарияти демократ ба ҳарфи ақалияти ҷумҳурихоҳ камтар гӯш хоҳад дод. Ва аммо бисёре аз вакилони ҷумҳурихоҳ дар посух ба суоли як хабарнигор, ки мегуфт, магар демократҳо низ тайи 12 соли таҳти назорати ҷумҳурихоҳон қарор доштани Конгресс айни ҳолро надоштанд, музтар мондаанд. Онҳо танҳо мегӯянд, фурсати таърихие барои хусусияти ҳарчӣ бештари дуҳизбӣ касб кардани Конгресс фароҳам омада ва бояд аз ин фурсат истифода бурд. Стив Кинг, вакили ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон аз аёлати Айова аз ҷумла гуфт: "Дуҳизбӣ дар ин ҷо вақте мешавад, ки он ба нафъи демократҳо бошад. Чунин дуҳизбӣ на аз лутфу инояти касе, балки бо часпуталош ба даст хоҳад омад. Ин аст роҳе, ки мо дар пеш дорем."

Мушкилоти иқтисодии Амрико ва тӯл кашидани ҷанги Ироқ аз умдатарин масоиле буд, ки дар моҳи ноябр пирӯзии демократҳоро бар ҳизби ҳам дар Конгресс ва ҳам дар Кохи Сафед ҳокими ҷумҳурихоҳ таъмин кард. Ба эҳтимоли ғолиб, баҳсҳо байни Конгресс ва маъмурияти Ҷорҷ Буш асосан рӯи ҳамин масоили сиёсатҳои хориҷиву дохилӣ авҷ хоҳанд гирифт. Албатта, дасти Конгресс барои мамониат ба пешбурди сиёсатҳои маъмурият чандон дароз нест, вале Конгресс ба хусус зимни баррасии тарҳи будиҷа метавонад курсиро аз зери хеле аз барномаҳои давлати Ҷорҷ Буш бизанад ва ё ҳадди ақал мушкилоте барои Кохи Сафед эҷод кунад. Ба ҳар сурат, ба эътиқоди таҳлилгарони умур, Кохи Сафед маҷбур мешавад, ба хотири таскин додани демократҳои аз сиёсати кунунӣ норозӣ бисёре аз мавзеъгириҳои худро ба хусус дар сиёсати хориҷӣ ва ба вижа дар масъалаи Ироқ таҷдиди назар кунад. Як мояи истиқболи нисбатан мусолиҳатомези президент Буш аз оғози фаъолияти расмии ҳайъати нав ва аксаран демократи Сенат ва Маҷлиси намояндагон низ, ба назари таҳлилгарон, шояд талоши ҷилавгирӣ аз рух задани чунин иттифоқот бошад.
XS
SM
MD
LG