Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фасодзадагии мақомоти Тоҷикистон ва соли наву мушкилоти нави муҳоҷирони кории тоҷик


«Буш Саддомро қурбонӣ кард». Зери ин сарлавҳа ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии «Нигоҳ» навиштааст,ки Саддом Ҳусейн то охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ ҳукумати кунунии Ироқро ҳукумати зархариди Ғарб меномид ва бо ин эътиқод дунёро падруд гуфт.


Матлаби нашрия афзудааст қатли Саддом қатли аввалин ё охирин президент нест ва ҳамагӣ 27 сол пеш аз ин, Шӯравии собиқ низ Ҳафизулло Амин, президенти вақти Афғонистонро ба қатл расонида будааст. Вале «қатли Саддом дар шаби фарорасии иди Қурбон як навъ таҳқир ва ё таҳдид нисбат ба мусалмонҳо аз ҷониби Ҷорҷ Буш дониста мешавад», хулоса мекунад «Нигоҳ».


Аммо ба навиштаи «Фараж», ҳафтаномаи сиёсии дигар «дар соли 2006 як диктатори собиқ ҷазои сазовор гирифт». Дар ҳамин ҳол, «Фараж» аз харҷ ё масрафҳои зиёди мардуми тоҷик дар рӯзҳои таҷлили ид ва маросимҳо изҳори нигаронӣ мекунад ва суол мегузорад, ки «Бо шикамҷунбонӣ шикам сер мешавад?»


Ҳамчунин, нависандаи мақолаи мазбур болоравии нархҳо дар бозорҳои кишвар ва чеҳраҳои коҳидаи мардуми камбизоатро пеш аз фаро расидани ид тасвир карда навиштааст,ки таҷлили идҳои зиёд ҷуз хароҷот ташвишу ғаму ғуссаи зиёд чизи дигаре намеорад. Биёед, бо идҳо ҷанг эълон мекунем».


Ҳафтаномаи русизабони «Азия-плюс» матлаберо ба мардуми ноҳияи Қумсангир,ки бар асари заминларзаи моҳи июни соли гузашта зарар дидаанд ихтисос додааст. Мувофиқи навиштаи ин нашрия бист ҳазор оилаи зарар дидаи ин ноҳия то кунун бе хонаву даранд ва дар ин рӯзҳои сарди зимистон ҳанӯз дар хаймаҳо ба сар мебаранд.


«Азия-плюс» ҳамзамон сӯҳбатеро бо Муҳиддин Кабирӣ, Райиси ҳизби наҳзати исломӣ ба нашр расонидааст, ки дар он мавзӯъи фасоди молӣ матраҳ шудааст. Оқои Кабирӣ дар сӯҳбати худ гуфтааст, Сайидамир Зуҳуров, раҳбари собиқи Кумитаи марзбонӣ метавонад раҳбарии ниҳоди навташкили мубориза алайҳи фасоди молии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта бошад .


Ҳафтаномаҳои «Миллат» ва «Наҷот» низ дар саҳифаҳои худ аз густариши фасоди молӣ дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ва сохторҳои баланди давлатӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба навиштаи муаллифи матлаби «Фасод дар мақомоти давлатӣ»-и «Наҷот» аксари онҳое, ки ба ҷурми ришвахорӣ ва ришваситонӣ зиндонӣ мешаванд, узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мебошанд.Зеро онҳо сари қудратанду мансаб доранд»,- навиштааст муаллиф.


«Наҷот» - нашрияи ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчунин соли 2006 - ро барои мусалмонҳо ва ҷонибдорони ин ҳизби сиёсӣ соли нобарор арзёбӣ кардааст. Ба қавли муаллифи матлаби «Солҳо мегузаранд» марги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун воқеаи фаромӯшнашуданӣ боқӣ мемонад.


Аммо як муаллифи дигари ин нашрия аз ислоҳоти маориф изҳори норизоӣ карда, нигоштааст, ки вазорати маориф бо умеди як қадам ба пеш гузоштан, ду қадам ба қафо мондааст. Муаллиф мегӯяд, ислоҳоти маорифи Тоҷикистон ҷуз аз нав ҷойбаҷо кардани дарсҳо ва тағйири мӯҳтавои китобҳои дарсӣ чизе беш набудааст.


«Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба сиёсати хориҷии Олмон сахт монанд аст»,- менависад нашрияи русизабони «Вечерний Душанбе». Райнер Мюллер, сафири Олмон дар Тоҷикистон дар сӯҳбати худ бо хабарнигори ин нашрия гуфтааст, ки кишвари тоҷикон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва барои он муҳим нест, ки бо кӣ ҳамкорӣ мекунад: Хитой, Амрико, Русия ё Олмон. Сафир меҳмондӯстии тоҷиконро ҳам дар масоили хонаводагӣ ва ҳам дар сиёсат васф кардааст.


Аммо «Собития» ба мавзӯи ахлотҳои шаҳри Душанбе рӯй меоварад, ки солҳои ахир таваҷҷӯҳи кишварҳои аврупоиро ба худ ҷалб кардааст. Мувофиқи навиштаи хабарнигори «Собития» ба роҳ мондани коркард ва ҷамъоварии ахлотҳо дар пойтахт метавонад ба як соҳаи пурдаромад табдил ёбад.


Ва як хабари дигар ин аст, ки пас аз пошхӯрии Шӯравии собиқ нахустин бор нашрияи «Комсомольская правда в Таджикистане» бо теъдоди ду хазор нусха рӯйи чоп омад. Феълан ин нашрияи русизабон дар кишварҳои гуногуни дунё тақрибан 12 миллион хонанда дорад. Ин нашрия дар чопхонаи «Оила»-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 24 саҳифа ҳафтае як маротиба ба нашр мерасад.
XS
SM
MD
LG