Пайвандҳои дастрасӣ

Равобити Тоҷикистону Чин бояд чигуна бошад?


Агар дар бораи робитаҳои Тоҷикистон ва Чин маълумоти бештар хоҳед, ин ҷост.

Салом ва беҳтарин орзуҳо ба хонандагони "Озодӣ" дар соли нави милодӣ.

Ба фикри банда, густариши равобити дуҷониба бо Чин бояд дар самтҳои зерин таҳкими бештар ёбад:
1. Барқарорсозии роҳҳои мошинагарди Тоҷикистон, зеро худи Чин низ манфиатдор аст, ки роҳи мо барои интиқоли молҳои чиноӣ мусоид бошанд ва бад нест, ки ин чиз ба манфиатҳои кишвари мо низ созгор меояд. Танҳо бояд манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ волотар шуморем.

2. Дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ созмон додани минтақаи озоди тиҷоратӣ. Қонуни кишвари мо оиди созмон додани ингуна минтақаҳо яке аз беҳтаринҳост дар кишварҳои муштаракулманофеъ. Танҳо дар сурате ин минтақа нафъовари мо мешавад, агар мо манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ волотар донем.

3. Ҳарчи бештар кишвари Чинро ба лоиҳаҳои сохтмони иншооти тавлидкунандаи неруи барқ бояд ҷалб кард. Аз ин кор ҳам набояд хавф бурд. Зеро, ба фикри банда, ин ягона роҳи эҳтимолиест, ки метавон рақобати ширкатҳои хориҷиро дар бозори энергетикии Тоҷикистон ба миён овард. Ин ба нафъи кишвари мо хоҳад буд, агар мо манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ авлотар ҳисобем.

Бо умеди дидори дӯстон дар хуштарин айёми рӯзгорон,
Шакибо
--------------------------------------

Хеле ва хеле эҳтиёт бояд шуд. Вагарна эҳтимол ҳама тоҷикҳо чиноӣ мешаванд. Марҳамат, як бор дар ноҳияи Спитамен оед ва бинед, ки чиноиҳо чӣ тавр бо тоҷикон ҳамхона мешаванд.

Саломат
---------------------------------------

Ассалом.
Фикри шахсии ман ин аст, ки Хитой барои Тоҷикистон аз Ӯзбакистон беҳтар аст. Вале ба сурати умум мо набояд такия ба Ӯзбакистон, Хитой ё Русия кунем. Ироқ ҳам замоне такия ба Русия дошт.

Мо бояд аз Худамон намонем ва барои мо дӯст он кишварест, ки дар мушкили мо бо мост.

Тоҷик
--------------------------------------

Тоҷикистон бояд хеле эҳтиёткорона ба Чин муносибат кунад.Чин ҳоло аз давлатҳои рубатаррақист ва дур нест ки яке аз кишварҳои абарқудрат гардад. Ҳоло ҳам Чин бо маводи хеле арзони худ дунёро зери таъсири худ гирифтааст.

Давлати Тоҷикистон бояд ба вуруди шаҳрвандони Чин квота муайян кунад вагарна чанд нафаре чиноӣ метавонанд кулли Тоҷикистонро харад. Ҳама медонем, ки Тоҷикистон ҳатто як кучаи Чин ҳам намешавад. Ҳатто пайдо шудани чанд нафар тоҷири Чин дар Душанбе боиси бекор мондан ва ё банкрот шудани садҳо тоҷикистонӣ мегардад.

Чиноӣ
-----------------------------------
Салом, дўстон.

Робитаи мо бо Чин бояд боэҳтиёт бошад ва аз омадани чиноиҳо ба кишварамон ҷилавгирӣ шавад. Барои мисол, Сингопур як вақт ҷузви Малайзиё буд, вале чиноиҳо даромада, оҳиста-оҳиста онро аз Малайзиё ҷудо карданд.

Дуввум, заминҳоеро, ки ба Чин фурўхта шуданд, бояд пас бигирем, зеро онҳо заминҳои миллатанд, на заминҳои мансабдороне ки имрўз ҳастанду фардо мераванд. Ба фикри ман, ин иштибоҳи раисиҷумҳури мўҳтарами моро таърих ҳаргиз намебахшад.

Мири Шаб
-----------------------------------




Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG