Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон - ҳарифи тими олимпии футболи Тоҷикистон


Мирзо Маҳмадҷонов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Аввалин дидори тимҳои олимпии Узбакистон ва Тоҷикистон 7 феврали соли 2007 дар шаҳри Тошканд ва бозии ҷавобӣ 14 феврал ё дар шаҳри Душанбе ва ё дар шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд. Салоҳиддин Ғафуров, мураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба вазифаи сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон таъин шудааст. Ҳайати даста аз бозигарони синнашон то 23-сола аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар иборат аст. Дастаи олимпӣ рӯзҳои наздик ба давраи омодагӣ ба бозиҳои интихобӣ шурӯъ мекунад».

Ба ҷуз тимҳои олимпии Тоҷикистон ва Узбакистон, дар бозиҳои интихобӣ Сингапур бо Покистон, Ҳонконг бо Бангладеш, Вйетнам бо Афғонистон, Индонезиё бо Ҷазоири Молдив, Урдун бо Қазоқистон, Австралиё бо Тайван, Туркманистон бо Тайланд, Муанмар бо Ҳиндустон ва Яман бо Фаластин рақобат хоҳанд кард.
Бар асоси қуръакашӣ дар даври дуввум 14 дастаи қавитарини олимпии қора ва 10 тими ғолиби даври муқаддамотӣ дар шаш гурӯҳ рақобат мекунанд. Минҷумла ғолиби ҷуфти Узбакистон ва Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо Куриёи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Яман ё Фаластин қувва меозмояд.

Мусобиқоти интихобӣ бо ширкати 24 даста аз 28 феврал то 6 июни соли 2007 баргузор мешавад. Баъдан 12 дастаи беҳтарин дар марҳалаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, аз 22 август то 21 ноябри соли равон барои ба даст овардани се роҳхат ба Бозиҳои олимпии Пекин мубориза мебаранд. Тими мунтахаби Чин ҳамчун намояндаи кишвари мизбони Бозиҳои олимпӣ мустақиман ба мусобиқоти ниҳоӣ роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG