Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони тоҷик соҳиби ҷонишинҳо шуданд


Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон сохтори нави идораи давлат тасдиқ ва ноибони вазир ва масъулони соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар муайян шуданд. Зуҳуридин Кенҷаев, Лариса Кислякова ва Абдуғаффор Раҳмонов ноибони нави вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорат таъин шуданд.


Дар Вазорати инержӣ ва саноъати Тоҷикистон дар ивази шўъбаҳо раёсатҳои ҳамном таъсис дода шуда, Пўлод Муҳиддинов, ки дар мақоми ноиби аввали вазири инержӣ кор мекард, ноиби аввал, Акрам Сулаймонов ва Заробиддин Файзуллоев ноибони вазири инержӣ ва саноъат таъин шуданд. Маҳмадшариф Ҳақдодов ноиби вазир дар умури саноъат эълон шуд. Собиқ ноибони вазири саноъат Абдукарим Ҳикматов, Турахон Амирхонов ва Зумрад Ғайбуллоева ба ҳайъати нави вазорат дохил нашуданд.


Собиқ раиси ноҳияи Ховалинг Султон Валиев ноиби аввали вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиъат, собиқ раиси шўъбаи Вазорати кишоварзй Шукрулло Раҳимназаров ноиби дуввум, собиқ раиси Кумитаи ҳифзи табиъат Абдувоҳид Каримов ноиби саввум ва собиқ раиси ноҳияи Тоҷикобод Сиҷоуддин Исроилов ноиби чоруми вазир таъин шуданд.


Ҳамчунин, ноибони вазири нақлиёт ва робитаҳо низ муайян шуданд. Аз собиқ ноибони вазири алоқа танҳо ба Бек Зуҳуров муяссар гашт мақоми худро нигаҳ дорад. Ҷумъахон Зуҳуров ноиби аввал ва Худоёр Худоёров ноиби дуввуми вазир эълон шуданд, ки ҳарду дар Вазорати баҳамхўрдаи нақлиёт низ аз ноибони вазир буданд.
XS
SM
MD
LG