Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

485$ миллион зиён - баҳои ҳамкории "Ансол" бо Корхонаи арзизи Тоҷикистон?


Корхонаи арзизи Тоҷикистон - бузургтарин корхонаи саноатии ин кишвар бо интишори як баёния иддао кардааст,ки ширкати «Ансол» тайи муддати ҳамкорӣ бо ин корхона ба маблағи 485 миллион доллари амрикоӣ хисора ворид кардааст.


Абдурауф Муъминов- масъули маркази матбуъотии корхонаи арзизи тоҷик дар як тамоси телефонӣ гуфт ҳаҷми хисораи воридкардаи ширкати «Ансол» ба корхонаи арзиз бар асоси омори мутахассисон муайян шудааст, вале аз эҳтимол дур нест,ки он дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ, ки қарор аст дар моҳи октябри соли равон дар Лондон баргузор шавад ,дақиқ гардад.


Ҳарчанд масъули маркази матбуъотии корхонаи арзиз аз ироаи маълумоти бештар дар мавриди ин даъвои корхона худдорӣ кард, аммо дар баёнияи корхонаи арзиз ,ки ҳафтаномаи «Народная газета»-и чопи Душанбе дар шумораи ахири худ мунташир кардааст, Аваз Назаров-раҳбари ширкати «Ансол» бар он муттаҳам мешавад, ки дар замони муъомилоташ бо корхонаи арзиз барои Абдуқодир Эрматов- раҳбари пешини ин корхона ва аъзои хонаводаи ӯ пардохтҳои ғайриқонунии чандмиллионӣ анҷом додааст. Ҳамчунин бар асоси ин баёния ширкати «Ансол» сабабгори лағви қарордодҳои қаблан ҳосилшуда бо ширкати норвежии «Ҳидро» яке дигар аз шарикони тиҷоратии корхонаи арзиз арзёбӣ мешавад.


Ин дар ҳолест,ки дар ду ҳафтаи қабл миёни корхонаи арзиз ва ширкати норвежии «Ҳидро» дар Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид ва масъулини ин ширкат эълом карданд,ки ихтилофоти мавҷуди миёни онҳо бо мусоъидати додгоҳи шаҳри Лондон ҳалл шудааст.Ширкати «Ансол» аз соли 1994 то соли 2004 аз шарикони умдаи корхонаи арзизи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва куллия муъомилоти тиҷоратии корхонаи арзизро маҳз ҳамин ширкат роҳандозӣ мекардааст.


Аммо дар пайи боздошти Ғаффор Мирзоев-раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ,ки бар асоси манобеъи ғайрирасмӣ назорати ин корхонаро дар ихтиёр доштааст, ширкати «Ансол» ва раҳбари он Аваз Назаров ва ҳамчунин Абдуқодир Эрматов -раиси пешини корхонаи алйуминиюм барои мусоъидат ва мушорикат дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам эълом шуданд. Ва ҳоло Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов ,ки аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд, тибқи иттиллоъи манобеъи ғайрирасмӣ дар Лондон ба сар мебаранд.


Ширкати «Ансол» ва ширкати норвежии «Ҳидро» ,ки дар заминаи фурӯши тавлидоти корхонаи арзиз ва таъмини он бо ашёи хом ҳамкорӣ доштанд ,барои нақзи муқаррарот корхонаи арзизро ба додгоҳ кашида, бозгардони 123 миллион доллари масрафкардаи худро талаб карданд. Додгоҳи шаҳри Лондон бо қарори худ ширкати норвежӣ ва корхонаи арзизро водор ба имзои тавофуқоти нави ҳамкорӣ кард, вале акнун муҳокимаи додгоҳӣ миёни ширкати «Ансол» - ва корхонаи арзиз,ки дар соли 2005 дар Лондон оғоз шудааст, идома хоҳад дошт.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG