Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маргумир дар садамаҳо


vb

Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар соли 2006 дар шимоли Тоҷикистон 151 нафар, аз ҷумла 37 кӯдак ҳалок шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2005 ҳафт маротиба бештар будааст. Идораи БДА-и Суғд мегӯяд, дар ин садамаҳои нақлиётӣ дар соли 2006 наздики 500 тан ҷароҳат бардоштаанд.


Бе доштани муҷаввизи ронандагӣ нишастан дар паси фармони автомобил ва дар ҳоли мастӣ рондан - ба гуфтаи масъулин аз умдатарин сабабҳои рӯй додани садамаҳои фоҷиавӣ ва пахши пиёдагардон дар роҳҳои минтақа мебошад. Дар соли 2006 беш аз 6,5 ҳазор нафар ҳангоми рондани нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ дошта шудаанд. Ва аммо тавре масъулин мегӯянд, дарди сари аслии милисаҳои раҳбон аз нафарони зери синни 18 аст.


Вайрониву харобии роҳҳои мошингард, аз нигоҳи ронандаҳои Суғд, дигар аз авомилест, ки боиси сол то сол зиёд шудани садамаҳои фоҷиавӣ дар роҳҳо мегардад. Бисёре аз қисматҳо дар роҳҳои нақлиётии минтақа, ба гуфтаи онҳо, тайи бист - сӣ соли ахир бозсозӣ ва таъмири дуруст надидаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG