Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон


Сардовари ин мусобиқот Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки то рӯзи 11 январ идома хоҳад кард, беш аз 70 нафар шатранҷбозони то 20- сола ширкат доранд. Вай афзуд, дар байни онҳо беҳтарин шатранҷбозони ҷавони тоҷик, ғолибони мусобиқоти ҷумҳуриявӣ, монанди Икром Илҳомзода, Владимир Кан, Темур Гадоев, Марворид Насриддинова, Мутрибаи Илҳом ва дигарон ҳастанд. Бозиҳо мувофиқи синну соли шатранҷбозон дар панҷ гурӯҳ баргузор шудааст. Ғолибони гурӯҳҳо ва онҳое, ки мақоми дуввумро касб мекунанд, ба мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни шатранҷбозони то 20-сола роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG