Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми нахустини дабири нави СММ


Пан Ги Мун, дабири кулли ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид тавассути иртиботи видеой пайоми нахустини худро ба кормандони ин созмон дар саросари ҷаҳон фиристод. Вай гуфт, фаъолияташро дар замони тарсноке дар умури байналмилалӣ оғоз мекунад. Вай гуфт, ки фаъолияташро дар замоне оғоз мекунад, ки ҷаҳон гирифтори чанд мушкилу бӯҳрон аст, аз ҷумла дар Ховари Миёна, Дарфур, Ирону Ироқ ва Лубнону Куриёи Шимолӣ.


Вай ҳамчунин ба кормандони Созмони Милал гуфт, ки ин созмон ҳамчунон як ниҳоди муҳим боқӣ мемонад, ки ба чолишҳову масоили байналмилалӣ расидагӣ мекунад.


Хабарнигорон дар Созмони Милал аз Пан Ги Мун доир ба эъдоми Саддом Ҳусайн пурсиданд ва посухи дабири кулл ин буд, ки вай мухолифи масуният, яъне беҷазо мондани ҷинояткорон аст ва раиси ҷумҳури Ироқ масъули ҷиноятҳои гушношуниде буд.


Пан Ги Мун, дипломати 62 сола аз Куриёи Ҷанубӣ якуми январ Кофӣ Аннон, дабири кулли собиқи Созмони Милалро дар ин мақом иваз кард. Вай қавл дод, ки Созмони Милал барои тақвияти амният дар ҷаҳон рушд ва ҳуқуқи башар саъйи бештар хоҳад кард, то ин ҷаҳон босуботтар бошад.
XS
SM
MD
LG