Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷҷи имсола бе ягон рӯйдоди ногаҳонӣ ба поён расид


Имрӯз садҳо ҳазор нафар аз зоирони хонаи худо дар Каъба тавофи видоъ анҷом доданд ва бо ҳамин сафари ҳаҷҷи худро ба поён расонданд. Ҳоҷии тоҷик Нурмуҳаммади Кангуртӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо барномаи “Ҳамнафас”- и радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи фароизи ҳаҷ хубу зебо ва бонизом ҷараён гирифта, имсол дар саҳрои Мино тартибе муроъот шуд, ки тибқи он зоирон аз як самт вориди саҳнаи сангзании рамзи шайтон мешуданд ва аз самти дигар берун мерафтанд. Чунин назм эҳтимоли ҳама гуна баҳамоӣ ва талотӯбу зери по мондани зоиронро номумкин гардонд. Соли гузашта дар ин маҳал 360 зоири Каъба зери по монда, ба ҳалокат расид.

Ҳоҷӣ Нурмуҳаммад дар ҳоле ки аз Маккаи мукаррама бо телефони ҳамроҳ сӯҳбат мекард, инчунин гуфт, ҳоло дар роҳи саҳрои Мино роҳи дуқабата боз шуда, сохтмони табақаи саввум идома дорад. Вай хабареро тасдиқ кард, ки як зоири тоҷик аз шаҳри Душанбе ду рӯз пеш бо аҷали худ фавтидааст.

Дар ҳаҷҷи имсол аз Тоҷикистон 4 500 зоир ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG