Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 000 рубл! Барои ҳар кӯдаки дуввум!


дар Русия аз 1 январи соли 2007 қонуни мавсум ба "Сармояи модар" ба кор даромад. Тибқи ин қонун ба ҳар модаре ки фарзанди дуввумашро таваллуд мекунад, 250 ҳазор рубли русӣ сармоя ва ҳар моҳ ба миқдори 3000 рубл имтиёз ё кӯмаки молӣ дода мешавад. Дмитрий Медведев, муовини аввали нахуствазири Русия дар тавзеҳ ба ин қонун мегӯяд: «Аз 1 январи соли 2007 заноне, ки фарзанди дуввумашонро таваллуд мекунанд, ҳаққи гирифтани сармояи модар ҳудуди 250 ҳазор рубли русиро доранд. Мо бояд тамоми корро кунем, ки гирифтани ин сармоя барои модарон соддаву осон бошад.»

Қонуни қабулшуда номи "Сармояи модар"-ро дорад. Аммо Екатерина Лахова, яке аз намояндагони Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия мегӯяд, ин сармоя мустақиман ба дасти модарон дода намешавад:
«Аввалан, ин пулҳо ба дасти модарон дода намешавад. Ин пулҳо барои омӯзишу парвариши кӯдакон пардохт мешаванд. Агар кудак ба хона ниёз дошта бошад дар он сурат низ метавонанд аз ин сармоя истифода кунанд.»

Як далели дар чунин чаҳорчӯб андохтани кӯмакҳову ёронаҳо ба модарон, ба назари коршиносон, ба хотири ҷилавгирӣ аз сарфи ба истилоҳ ғайримақсадноки ин маблағҳост. Мақомот тарс доранд, ки волидайн, ба хусус тоифаҳои майзада ва мӯътод метавонанд маболиғи аз роҳи таваллуди фарзандони нав бадастомадаро сарфи шаробхорӣ ва ё харидории маводи мухаддир кунанд ва ба худи кӯдак аз ин ҳама чизе нарасад. Аммо Михаил Делягин, раиси маркази пажӯҳиши мушкилоти иҷтимоии глобалӣ мегӯяд, ки ин сармоя барои 3 соли аввал дода намешавад ва ин дар ҳолест, ки: «Ин кори дуруст нест, ки ин сармояро дар се соли аввал ба модарон намедиҳанд. Ин маънии онро дорад, ки имрӯз таваллуд кун ва баъд аз се сол мебинем. Се соли аввал мушкилтарин вақт аст барои модар ва дар ҳамин вақти мушкилӣ давлати Русия онҳоро бе аҳамият мегирад. Модар дар се соли авал ин пулҳоро ҳатто барои кӯмаки пизишкӣ истифода бурда наметавонад.»

Давлати Русия дар соли 2007 барои иҷрои қонуни "Сармояи модар" 130 миллиард рубли русӣ, муодили тақрибан 5 миллиард доллар ҷудо кардааст. Аҳолии Русия ҳар сол то 700 ҳазор нафар кам мешавад. Ба ҳамин далел, Русия мехоҳад бо роҳи ироаи кӯмакҳову имтиёзҳои молӣ модаронро ба таваллуди бештар ташвиқ кунад. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ дар табрики солинавиаш ба мардуми Русия аз модарон хостааст, ки дар соли нав бештар фарзанд таваллуд кунанд.
XS
SM
MD
LG