Пайвандҳои дастрасӣ

Саддом Ҳусейн пеш аз маргаш чӣ мегуфт?


Навори бо телефони ҳамроҳ бардошташудаи лаҳзаҳои пеш аз қатли раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн бо он чӣ ки мардум тавассути телевизиони Ироқ рӯзи 30 декабр, дар рӯзи иҷрои ҳукми эъдоми Саддом дида буд, сахт фарқ мекунад. Телевизион рӯзи шанбе навори иҷрои ҳукми Саддомро бидуни садо пахш карда буд. Аммо навори бо телефони дастӣ бардошта ва акнун тавассути Интернет нашршудаи яке аз шоҳидони қатли Саддом Ҳусейн ҳокист, ки маъмурин Саддом Ҳусайнро дар лаҳазоти пеш аз иҷрои ҳукми эъдомаш ҳарфҳои хеле таънаомез гуфтаанд.

Навори мазкур бо садои яке аз ҳозирин дар кушторгоҳ оғоз мешавад, ки аз Муқтадо Садр, раҳбари шиъаҳои тундрави ироқӣ ном мегирад. Нафари дигар дар ин навор исми амаки Муқтадо асосгузори ҳизби Даъво, як ташаккули умдаи шиъаҳои ироқӣ Муҳаммадбакри Садрро ба забон меорад. Муҳаммад Бакр соли 1980 аз сӯи маъмурони давлати Саддом Ҳусейн кушта шуда буд. Ин ҳама дар зеҳнҳо талоши интиқом, яъне хун ба хун доштани масъулини иҷрои ҳукмро талқин мекунад. Сипас садои Саддом Ҳусейн шунида мешавад, ки аз ҳозирин мепурсад, оё онҳо ин ҳамаро ҷасорат медонанд? Ба думбол касе ҳамаро ба хомӯшӣ даъват мекунад ва аммо барои Саддом Ҳусейн то дами дар гарданаш давидан ва танг шудани ҳалқаи дор фурсат танҳо барои ба забон овардани калимаи шаҳодат басӣ мекунад.

Нашри ин навор ва ба хусус ҳарфҳои таънаомезе, ки пеш аз эъдом ба Саддом Ҳусейн зада шуд, дар Ироқ бо ҳассосият қабул шуд. Бархе дар пай қатли диктатори собиқро интиқоми хусусии аҳзоби мазҳабии шиъа, ки бар давлати кунунии Ироқ нуфуз доранд, арзёбӣ мекунанд. Чизе ки Амрико аслан намехост. Самеъ Аскарӣ, мушовири сарвазири Ироқ гуфта, ки Бағдод ҷиҳати таҳқиқи чигуна рӯи навори телефони мобайл омадани саҳнаи эъдоми раҳбари пешини ин кишвар Саддом Ҳусейн дастур додааст. Хабаргузории Ройтерз аз қавли мушовири Нурӣ Маликӣ оварда, ки мақомоти ироқӣ инро ҳам таҳқиқ хоҳанд кард, ки чаро маъмурин пеш аз иҷрои ҳукми эъдом ба Саддом Ҳусейн суханони таънаомез гуфтаанд.

Саддом Ҳусейн бар асоси ҳукми додгоҳи вижа, ки ӯро дар ҷиноёти башарӣ алайҳи мардуми Ироқ муҷрим донист, рӯзи 30 декабр, дар арафаи иди барои мусалмонон саиди Азҳо ба дор овехта шуд. Аммо маҳз дар арафаи ид иҷро шудани ҳукми эъдоми Саддом мояи хашми ҷомиаҳои суннӣ дар Ироқ ва хориҷ аз он шудаааст. Дар ин миён дар Ироқ сарусадоҳое ҳам баланд мешаванд, ки Амрико қасдан ба ҳайси таърихи иҷрои ҳукми Саддом Ҳусейн арафаи иди мусалмониро интихоб кардааст. Аммо Вошингтон ҳар навъ дасти дахолат доштанаш дар интихоби рӯзи қатли раҳбари пешини Ироқро радд мекунад. Рӯзномаи бритониёии "Дейли Телеграф" аз қавли як мақоми ироқӣ навишт, ки сафири Амрико дар Бағдод аз мақомоти ин кишвар хоста, ки иҷрои ҳукми Саддомро лоақал то ду ҳафта ба таъхир биандозанд, вале ин дархости ӯро дар Бағдод рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG