Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри баёнияи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Туркманистон


Шаш номзади сабтиномшуда ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркманистон қавл додаанд, ки сиёсатҳои раиси ҷумҳури пешин Сафармурод Ниёзовро бо ҷиддият идома хоҳанд дод. Баёнияи онҳо дар рӯзи аввали соли 2007 дар матбуоти Туркманистон нашр шуд.


Сафармурод Ниёзов, ки аз соли 1991 Туркманистонро идора мекард, рӯзи 21 декабр даргузашт.


Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ваъда додааст, ки интихоботи рӯзи 11 феврал мувофиқ ба мафҳуми демокросии Сафармурод Ниёзов сурат хоҳад гирифт.


Тамоми номзадҳо, бо шумули Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ба мақоми раёсати ҷумҳур Шӯрои Мардумии Туркманистон ниҳоди олии қонунгузор пешниҳод кардааст. Номзадҳои нерӯҳои мухолифин сабти ном нашудаанд.


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Туркманистон даъват кардааст, то интихоботи одилонаву шафоф ва демукротик баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG