Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ишғоли охирин такягоҳи исломгароён дар Эфиопия


Нахуствазири Сомалӣ Алӣ Муҳаммадгадӣ гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҳимояти қувваҳои Эфиопия дар нахустин рӯзи соли нави милодӣ ба шаҳри Кисмоу, ки охирин такягоҳи исломгароён буд, ворид шуданд.


Ба гуфтаи нахуствазири Сомалӣ, нерӯҳои исломгароён аз шаҳр гурехтаанд ва фурӯдгоҳу бандари Кисмоу воқеъ дар ҷануби Сомалӣ озод аст.


Алӣ Муҳаммадгадӣ аз тамоми мардуми Сомалӣ, аз ҷумла фармондеҳону, аъзои гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ хост, ки силоҳҳояшонро то рӯзи ҷумъа ба замин бигузоранд. Вай гуфт, онҳое, ки ихтиёран чунин мекунанд, афв хоҳанд шуд.


Сомалӣ ҳамчунин аз ҳамсоякишвари худ, Кения хостааст, то барои ҷилавгирӣ аз вуруди исломгароён ба қаламрави он кишвар марзҳояшро бубандад.


Як фармондеҳи нерӯҳои исломгаро Ёқуб Муаллиф Ишоқ шикастро эътироф карда вале гуфтааст, ки нерӯҳои исломгаро ҳамчунон қавӣ ҳастанд, ва аз мубориза даст нахоҳанд кашид.
XS
SM
MD
LG