Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё қатли Саддом Ҳусейн ба ояндаи авзоъ дар Ироқ чӣ таъсир хоҳад дошт?


Бархе гуфтанд, диктатор баъд аз маргаш ба рамзи муқовимат табдил хоҳад ёфт ва ҷангро ба дарозо хоҳад кашид. Оё марги Саддом ва он ҳам ба ин шева ба ояндаи Ироқ чӣ таъсире хоҳад дошт, пурсидем аз пажӯҳишгари аршади Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар Уммон Ҷуст Ҳилтерман. Вай гуфт:

"Ман фикр мекунам, дар кӯтоҳмуддат, қатли Саддом Ҳусейн ҷудоиҳоро дар ҷомеъаи Ироқ бештар мекунад, зеро ҳарчанд Саддом Ҳусейн аз маҳбубияти бахши аъзами сунниҳои Ироқ бархӯрдор набуд, амалан ягона рамзи имрӯзаи онҳо ба шумор мерафт ва қатли ӯ барои сунниҳо берун мондани онҳоро аз назми нави сиёсӣ дар Ироқ гӯё қонунӣ мекунад. Ва аз он ҷо ки ин қатл бо дастури аҳзоби шиъа ва курд ба амал омад, барои сунниҳо чунин падидор мешавад, ки бо ин роҳ онҳоро аз ҳаққи ширкат дар сиёсат маҳрум кардаанд."

Оё қатли Саддом Ҳусейн ошӯбро дар Ироқ афзоиш медиҳад ва ё шохае аз онро баҳам мезанад?


"Ба фикри ман, дар кӯтоҳмуддат мо шоҳиди афзоиши хушунат дар посух ба эъдом хоҳем шуд. Аммо дар дарозмуддат ин рӯйдод таъсири хеле каме хоҳад дошт, зеро дигар Саддом Ҳусейн раҳбари онҳое шумурда нахоҳад шуд, ки дар соли 2003 аз қудрат барканор карда шуданд ва ироқиҳо амалан хоҳанд тавонист, бо дур шудани сояи дарози Саддом Ҳусейн ба самти нав раҳсипор шаванд."

Ва аммо Саддом Ҳусейн худро як қурбоние номид ва аз ироқиҳо даъват кард, дар баробари душман муттаҳид шаванд. Ба назари шумо, оё вай ба як шаҳид ё рамзи муқовимат табдил нахоҳад ёфт?


"Албатта, вай аз ҷониби қишрҳое шаҳид дониста хоҳад шуд, зеро вай аз як нирӯи рамзӣ намояндагӣ хоҳад кард ва на танҳо дар миёни сунниҳои Ироқ, балки ҳамчунин шиъаҳои дунявӣ, афроде ки бахше аз режими пешина буданд. Ва албатта, вай дар доираи васеътари арабҳо низ ҳанӯз соҳиби эътибор аст ва қатли ӯ аз тарафи бисёре дар ҷаҳони араб як талоши Эрон дониста мешавад барои тасфияи ҳисоби ҷанги Ироқу Эрон."

Бисёре аз созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар додгоҳи Саддом Ҳусейнро танқид карданд. Чунончи, созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва ё давлатҳое чун Ватикон. Назари шумо чист?


"Дар рафти муҳокима бисёр хилофкориҳое ба амал омад, бисёр мушкилоти танзими кор ва ба сурати умум муҳокима якҷониба шумурда мешавад. Масъалаи бузургтар ба фазои имрӯзаи Ироқ марбут аст, ки талошҳои бозсохти Ироқ мутлақан шикаст хӯрдаанд ва ҷомеа пур аз тазод аст ва дар чунин фазо додгоҳ наметавонист муваффақ бошад. Талошҳои муҳокимаи одилонаи Саддом Ҳусейн бобарор буда ҳам наметавонистанд, зеро ақидаҳо шадидан зидди ҳаманд ва муҳокима як ҳодисае аз додварии ғолибон шумурда мешавад."
XS
SM
MD
LG