Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Иди қурбон дар Тоҷикистон


Имрӯз дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон мардуми кишвар аз Иди қурбон таҷлил мекунанд, ки яке аз ҷашнҳои муҳими исломӣ мебошад. Шоми дирӯз, дар бегоҳи ид таъомҳои идона пухта шуд ва имрӯз одамон ба манзили ҳамдигар меҳмон мешаванд ва ҳамчунин ба арвоҳи гузаштагон дуъову фотеҳа ва хатми Қуръон мефармоянд.


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иди қурбонро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз онҳо хост, ахлоқи нек ва саховатмандӣ нишон диҳанд. Иди Қурбон ҳамзамон бо расми қурбонӣ дар ҳаҷҷ баргузор мешавад. Вай дар паёми худ гуфт:


"Дар ин замина дар кишвари мо дар арафаи чунин идҳо дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъана даромадааст. Бахусус аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд чунин амали неку савоб бештар сурат мегиранд ва мо умедворем, ки кӯмаки онҳо нисбат ба солҳои гузашта боз ҳам афзун мегардад."


Имрӯз зиёда аз 2 миллион зоири мусулмон, ки шабро бо ниёишҳо ба даргоҳи офаридгор дар Муздалифа ба сар бурданд, вориди саҳрои Мино мешаванд, то рамзи иблисро санг зананд. Хабаргузориҳо мегӯянд, иттилоъи қатли Саддом Ҳусейн дар миёни зоирони хонаи худо нороҳатӣ эҷод кардааст. Дар ҳаҷҷи имсола зиёда аз чоруним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG