Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди ҷаҳон дар соле ки гузашт


Як қадам ба пеш ду қадам ба қафо.

Ҷастухезҳои қурби доллари амрикоӣ дар бозорҳои байналмилалии асъорро дар тӯли соли гузашта метавон бо ҳамин таъбир хулоса кард. Қурби доллар дар муқобили евро, воҳиди пули Иттиҳодияи Аврупо ва соъир асъори муҳими байналмилалӣ дар тӯли соли ҷорӣ гоҳо ба тадриҷ ва гоҳе ҳам ба гунае бенизом ва пурҳарҷумарҷ пойин мерафт ва дар поёни сол ба сатҳи ду соли пеш, ки як соли наҳсе барои доллар маҳсуб меёфт, баробар шуд. Бо ин ки аз вуруди евро ба муомилот танҳо 5 сол гузаштааст, 1 евро дар поёни соли ҷорӣ ба қимати наздик ба 1 доллари 32 сент фурӯхта мешавад. Агар дар аввали сол 1 доллар дар бозори арзи Русия ҳудуди 28, 5 рубл арзиш дошт, дар арафаи соли нави 2007 дар саррофиҳои масалан Маскав ба 1 доллар чизе камтар ва ё бештар аз 26 рубл медиҳанд.

Ба ҳоли рокид даромадани рушди иқтисоди Амрико, ба хусус рукуд дар бозори манзили Ийолоти Муттаҳида ва касре ки дар тиҷорати хориҷии ин кишвар, ба вижа дар табодули молу колояш бо Чин мушоҳида мешавад, дар баробари нархҳои ҳангуфти нафт ва ҳамин тавр болотар рафтани мизони рушди иқтисоди Аврупо аз умдатарин омилҳои таъсиргузошта ба пойинравии эътибори воҳиди пули Амрико дониста мешавад. Бен Бернанке, ки ҳанӯз дар поёни моҳи ноябр дар оғози охирин мавҷи пойинравии қурби доллар сӯҳбат мекард, ба хусус таъсири рукуд дар бозори манзилро дар ин амр муқассир донист ва аз ҷумла гуфт: "Кунд шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ ҳоло ҳам тақрибан дар ҳамон соҳоте мушоҳида мешавад, ки Бонки марказӣ дар моҳи июл гузориш дода буд. Тавре ки интизор мерафт, ин кундшавӣ пеш аз ҳама рукуди баамаломада дар бозори манзилро мунъакис мекунад." Дар воқеъ, ба назари таҳлилгарон, дар моҳи феврали соли 2006 аз мақоми раиси бонки марказии Амрико рафтани Аллан Гринспан баъди 28 соли фаъолияташ дар ин мақом низ ба ин таҳаввулоте, ки бо доллар рух медиҳад, асароте, ҳадди ақал асароти зеҳние аз худ барҷой гузоштааст.

Аз сӯи дигар, хеле аз бозигарони муҳим дар бозорҳои арз, чӣ сармоядорони маъруфе ба мисли Ҷорҷ Сорос, Воррен Баффет ва ё Билл Гейтс ва чӣ кишварҳои муҳиме, ба мисли Чин эълон карданд, ки ҷиҳати халосӣ аз сармояҳои долларии худ талош хоҳанд варзид, ки низ ба кам шудани эътибори доллар ҳамчун як воҳиди собити пул дар зеҳнҳо бетаъсир намондааст.

Коршиносон эҳтимоли коҳиши аз ин ҳам бештари қурби доллар дар муқобили евроро дар соли нав низ сарфи назар намекунанд. Ба назари онҳо, бонки марказии Амрико дар соли 2007 фоизи баргаҳои қарзро батадриҷ, вале ҳамвора пойин хоҳад бурд ва аз ин рӯ, то ҳудуди 1 доллару 40 сент баланд рафтани қурби евро чандон баъид наменамояд. Ва акнун бархе кишварҳо ҳатто ба ивази доллар аз ин ба баъд бо евро ҳисоб кардани нархи ҷаҳонии маҳсулоти стротежие назири нафту газро пешниҳод мекунанд.

Ва аммо Наримон Баҳраваш, масъули бахши иқтисодии ширкати "Глобал Инсайт" гуфтааст, беқурбшавии доллар аз Амрико дида, ба кишварҳои дигар бештар зарба мезанад ва дар як чаҳорчӯби муназзам нигоҳ доштани қурби пули амрикоӣ пеш аз ҳама ба манфиати дигар кишварҳост ва ба эътиқоди оқои Баҳраваш, ин кишварҳо бояд ҳатман ба таҳаввулоте, ки дар бозорҳои арз мегузарад, мудохила кунанд.


Сармаст аз бӯи нафт

Нархҳои ҳангуфти нафт яке дигар аз падидаҳои ангуштнамои иқтисоди ҷаҳон дар соли 2006 будааст.
Қимати нафт ба хусус дар тобистони сол дар айни низоъи байни Исроилу Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дар пайи афзоиши хушунатҳо дар Ироқу ҳамвора гармтар шудани баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон рӯ ба боло ниҳод ва нархи як бушкаи нафт дар моҳи июл ҳатто ба остонаи 80 доллар расид. Дар тирамоҳи соли 2006 ба муҷарради оддитар шудани авзоъ дар Ховари Миёна ва кундтар шудани таниши ҷомиаи байналмилалӣ бо Эрон авзоъ дар бозори ҷаҳонии нафт низ як андоза таскин ёфт ва инак моҳи чандум аст, ки нархи бушкаи нафт дар ҳудуди 60 доллар қарор гирифтааст. Гоҳе поёнтар ва гоҳе чизе болотар аз ин.

Нархи ҳангуфти нафт шароитро барои рушди бесобиқаи иқтисодии кишварҳои нафтхези ҷаҳон ҳамвор кард ва Озарбойҷон масалан акнун ба рушди сидарсадии солона даст ёфтааст, ки дар зеҳни коршиносон, эҳтимоли дучор шудани ин кишвар ва кишварҳои нафтхези назири Озарбойҷон ба бемории ҳолландиро бедор мекунад.
Клэр Беббингтон, сухангӯи "Бритиш Петролеум", як ширкати фаъол дар бозори нафти Озарбойҷон чунин сарвати бузург, яъне нафтро дар шароити кунунӣ як имкони бузург ва ҳамзамон як чолиши низ хеле бузург барои Боку меҳисобад: "Агар нархи ҳар бушкаи нафтро 60 доллар ҳисоб кунем, ҷамъи фоидаҳои кишвар ба 230 миллиард доллар мерасад. Ин иқтисодро ба гунаи бесобиқае таккон дода, афзоиши бамаротиби ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро таъмин мекунад."

Гушоиши лӯлаи нафти Боку Тифлис Ҷайҳун, ки низ дар соли 2006 иттифоқ уфтод ва манобеъи нафти дарёи Хазарро акнун бидуни вуруд ба қаламрави Русия бо бандарҳои баҳри Миёназамин мепайвандад, аз ин ба баъд Озарбойҷонро ба ҳайси як масири муҳими транзити маводи сӯхт аз ду минтақаи Қафқозу Осиёи Марказӣ муаррифӣ мекунад. Талоши Ғарб, ба хусус кишварҳои Аврупо барои пайдо кардани манобеъи алтернативӣ ба хотири раҳоӣ аз вобастагиии бозори энержии ин қора аз манобеъи нафту гази Русия дар соли гузашта ҳамин тавр тавсиъа пайдо кард. Ба вижа дар пайи танишҳои уфтода байни Маскаву Киев ва Маскаву Тифлис бар сари нархи газ, ки мавзӯъро аз маҳдудаи масоили моливу иқтисодӣ фаротар бурда, хеле сиёсӣ кард.


"За вас, за нас и за газ!"

Як нашрияи инглисӣ навиштааст, ки тайи соли гузашта дар Русия ин нӯшбод бештар аз ҳар нӯшбоди дигар гуфта мешуд. Нархҳои ҳангуфти нафту газ дар бозори энержӣ, ки бар тавонмандиҳои моливу иқтисодии Русия афзуда, Маскавро акнун ба сифати як бозигари хеле муҳимтар аз солҳои қабл дар саҳнаҳои байналмилалӣ ҷилва медиҳад, аз масоили вирди забони маҳофили чӣ русӣ ва чӣ ғарбӣ дар тамоми тӯли соли гузаштаи 2006-ум буд. Русия соли 2006-уми милодиро аз ҷанҷол бо Украина ва ҳамин тавр бо Гурҷистону Молдова бар сари нархи газ оғоз кард ва ин солро бо айни ҷанҷол бар сари айни мавзӯъ бо Беларус, ки аз наздиктарин муттаҳидини Русия шинохта мешавад, поён дод.

Соле пеш агар қимати ҳазор метри мукааби газ барои масалан Украинаву Беларус пойинтар аз 50 доллар буд, тайи соли гузашта Украина ин миқдор газро ба қимати 95 доллар ва он ҳам баъди тақрибан ду ҳафтаи танишҳои ҷанҷоломез дар ибтидои сол харидорӣ мекард. Ва дар соли 2007 ҳазор метри мукааб барои Украина ба қимати дасти кам 130 доллари амрикоӣ тамом хоҳад шуд. Чунин ҳол бӯҳрони ҷиддиеро барои иқтисоди Украина пеш овард ва дар натиҷа дар интихоботи парлумонии моҳи март нирӯҳои эътилофи "инқилоби норанҷӣ" шикаст хӯрданд ва аз тобистони сол ба курсии сарвазирии Украина рақиби сарсахти президент Виктор Юшенко Виктор Янукович нишаст, ки ба фарқ аз Юшенко майли қаробати бештар бо Маскавро дорад.

Беларус тавонист чунин пайомади фоҷиъабор барои иқтисоди миллиашро то як сол ба таъхир андозад.
Вале "Газпром", бузургтарин ширкати тавлидкунанда ва фурӯшандаи гази Русия дар арафаи соли нав эълон кард, ки қимати ҳазор метри мукааби газашро барои Беларус аз соли нав то 105 доллар баланд мебарад.
Сергей Куприянов, сухангӯи "Газпром": " Касе набояд аз мо кадом як тӯҳфаи солинавиро мунтазир бошад. "Газпром" бобои барфӣ нест."

"Газпром" ҳушдор дода, ки дар сурати норизоияти Минск тавзеъи газро ба ин кишвар аз 1 январ метавонад қатъ кунад. Беларус аз сӯи худ гуфта, ки монеъи транзити гази русӣ ба бозорҳои Аврупо тавассути қаламраваш хоҳад шуд. Ба ҳар сурат, кишварҳои харидори газро соли гарму зимистони гарме дар пеш ҳаст. Ва тавре бардоштҳо аз соли сипаришуда нишон медиҳанд, ин солу ин зимистонро ҳам аз худи газ дида, бештар баҳсу талошҳо бар сари нархи ин навъи маводи сӯхт гарм хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG