Пайвандҳои дастрасӣ

"Зӯҳро-2" - қаҳрамони Лигаи баскетболи Тоҷикистон


Ин даста дар охирин бозии ниҳоӣ бар тими CADA-и Душанбе бо натиҷаи 91 бар 49 ғалаба кард. Бад-ин тартиб аз рӯи натоиҷи чаҳор бозии ниҳоӣ миёни ин ду дастаи пешсафи ҷадвали бозиҳо «Зӯҳро-2» бо ҳисоби умумии 3 бар 1 ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард ва соҳиби медалҳои тиллои Лигаи баскетболи Тоҷикистон шуд.

Вилла Очилдиев, мураббии тими «Зӯҳро-2» ва дастаи мунтахаби баскетболи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:«Ин мусобиқот аллакай анъанавӣ гардида, ҳар сол баргузор мешавад ва дар рушди баскетбол дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе мусоидат мекунад. Вале шумори дастаҳо хеле кам аст ва навад дар сади онҳо тимҳои пойтахти кишвар мебошанд. Дастаҳои баскетболи манотиқи мухталифи мамлакат ба иллати набуди наблағ дар ин мусобиқот ширкат намекунанд. Умуман, масъалаи сармоягузорӣ ба риштаи баскетбол хеле ночиз аст ва бинобар ин баскетболбозони тоҷик имсол дар ягон мусобиқоти байнулмилалӣ иштирок накарданд. Ҳатто барои ширкати тими мунтахаби кишвар дар бозиҳои интихобии олимпӣ мо маблағ дарёфт карда натавонистем.»

Тими CADA, ки дар мақоми дуввум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Дастаи «Зӯҳро-2», ки дар ҳарсе бозии ҳалкунанда барои ҷойи севвум тими «Фаэтон»-и Душанберо шикаст дод, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Лигаи баскетболи Тоҷикистон Александр Бутсай, узви дастаи CADA ва тими мунтахаби Тоҷикистонро беҳтарин бозигари сол эълом кард.
XS
SM
MD
LG