Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухҳои Раҷаби Мирзо (бахши дуввум)


АҲЗОБ....


Салом бародар Раҷаби Мирзо,
Чихеле, ки як бародар гуфтанд, фаъолияти сиёсии шумо норӯшан аст. Замоне мешунидем, ки шумо дар ҳизби оқои Р. Зоиров, ҳозир дар ҲДТ. Чаро ингуна рафту омад ба ину он ҳизб? Оё бо барномаи сиёсии оқои Зоиров қонеъ нашудед? Чаро ҳизби ӯро тарк гуфтед?
Мусофир

Ин бисёр саволи дарднок аст. Дарднок барои ман аз он ҷиҳат аст, ки ё мардум иттилоъ надоранд ё иттилоъи доштаашонро сарфи назар мекунанд. Ман ҳеҷ гоҳ узви ҲСДТ набудам. Танҳо дар интихоботи порлумонии гузашта аз номи онҳо вале ҳамчунин шахси беҳизбӣ иштирок кардам. ҲДТ аввалин ҳизбест, ки ман узви он ҳастам. Ман Зоировро ҳамчуни яке аз сиёсатмадороне мешиносам, ки ақидаҳои сиёсии дигаронро эҳтиром мекунад. Бинобар ин имрӯз ҳам ки мо дар ду ҳизби гуногунем, муносибатҳои мо бо ӯ ҳамонгуна аст, ки қаблан буд, яъне хуб.


Ба назари шумо, барои чӣ дар дохили Ҳизби демократ муноқиша сар зад?

Дар ин ҷо ман чанд сабабро мебинам. Соли 2004 пеш аз интихоботи порлумонӣ назарсанҷиҳо нишон дода буданд, ки ҳизби демократ баъд аз ҳизби ҳоким дар ҷои дуввум қарор дорад. Он замон мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки ин аз он сабаб аст, ки мардум фарқе байни ҲДТ ва ҲХДТ намедонанд. Баъдан, қазияҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд ва раҳбари ҳизб Муҳамадрӯзӣ Искандаров ба зиндон афтод. Баҳсҳо сари маҳбусони сиёсӣ низ афзоиш ёфт. Ин омилҳое буданд, ки метавонистанд ба тақдири ҳизб демократ таъсири манфӣ ё мусбат расонанд. Ба ҳамаи ин агар изофа намоем, ки аз ҳизбҳои расмии оппозитсионӣ танҳо ҳизби демократ соҳиби нашрияи расмӣ аст, ва ин нашрия, ки дар солҳои қаблӣ ҷойгоҳи махсуси худро дошт ва имрӯз ҳам касб намудани ин ҷойгоҳ имкон дошт, сабабҳое гардиданд, ки қазияи ҳизбро ба ин шакл рӯбарӯ созанд.



ЖУРНАЛИСТ......


Мӯҳтарам Раҷаби Мирзо, оё пушаймон нестед, ки мақоми баланди журналистиро ба мақоми таззодомез ва дар Тоҷикистон камэътибори сиёсатмадор иваз кардед? Ба фаъолияти сирф журналистӣ бозгаштанӣ нестед?

Сиёсат воридшавӣ доштааст. Хуруҷ аз он ё мушкил ё номумкин аст. Дар ҳар сурат вокуниши баръакс ба вуҷуд оварда метавонад. Вале дар сиёсат ҳам ман журналистам. Ин ки шояд баъзе аз сиёсатмадорон наметавонанд бо ман ошкоро ҳарфи дилашонро гӯянд, шояд тарс аз ҳамин касби ман доранд.


Аз журналистони тоҷик ба киҳо эътиқод доред?

Ба онҳое дар журналистика эътиқод дорам, ки ғаразҳои гурӯҳиву инфиродияшонро аз ғарази касбӣ ҷудо карда метавонанд. Яъне, дили сиёҳ надоранд ва дар сина кудурат гирифта наметавонад. Ё ақаллан навиштаҳояшонро мехониву эҳсос намекунӣ, ки ба касе ғарази шахсиву гурӯҳӣ доранд.


Шумо дар донишкадаи рӯзноманигории ДДМТ муаллимӣ мекардед. Оё орзуи кушодани мактаби шахсии худро, ки дар охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум рӯзноманигорони беҳтарини тоҷик ташкил карда буданд, надоред? Ва агар дошта бошед кай ва чӣ гуна амалӣ мекунед?
Тоҷике дар ғарибӣ

Мактаби Рӯзи Навро то андозае мактаби ман номидан мумкин аст. Ба ҳар сурат, он тавонист, нафарони наверо ба журналистика ворид намояд, ё шояд баъзеҳоеро, ки то ин замон қобилияте доштанду аммо пушти дарҳо монда буданд, ба ҷомеа муаррифӣ намояд. Яъне, Рӯзи нав бо чеҳраи хоси худ ба майдон ворид гардид ва фикр мекунам яке аз сабабҳои муваффақияти Рӯзи нав ҳам дар ҳамин буд. Ҳоло ҳамаи нашрияҳо доди бекадрӣ мезананд, аммо касе дар фикри тарбияи нафарони нав нест. Гуё мунтазиранд, ки имрӯз ё фардо касе фабрикаи журналистсозӣ созмон медода бошад. Тарбияи як кадр кори саҳл нест. Ин мушкилро нафаре эҳсос мекунад, ки дар ин роҳ ранҷе бурдааст. Дили ман ба баъзе шогирдони мактаби Рӯзи нав месӯзад, ки баъди аз фаъолият бозмондани нашрияи мо дигар мактаби сайқали худро пайдо накарданду бо ҳамин роҳгум ҳам заданд. Аммо то ҳанӯз нафарони зиёде аз факултаҳои журналистӣ назди ман меоянду чизе омӯхтан мехоҳанд. Не, ман гуфтанӣ нестам, ки дар журналистика ва назарияи он ягон "гений" бошам. Сухан дар ин маврид дар бораи таваҷҷӯҳ додан ба навқаламон меравад, ки мутаассифона, ин корро на ҳама мекунанд, ё на ҳама беғараз мекунанд.


Саволи ман ба ҷаноби Мирзо ин аст, ки эшон ба ҳамсолони худ мисоли Р. Давлату Ф. Холбек, Х. Атовуллою А. Раҳмонов имрӯз чӣ муносибат доранд? Оё худро устоди онҳо дар журналистика меҳисобанд ё на?
С. Мирзода

Ман бо ҳамаи онҳое, ки ном бурдаед, дӯст ҳастам ва ё як замон дӯст будам. Муносибатҳои имрӯзаи мо дар заминаи ҳамин ба вуҷуд меояд, ки бо кадоме аз онҳо дӯст боқӣ мондем ва бо кадомеашон маълум гардид, ки танҳо шинос будаем. Аммо ҳеҷ кадоме аз мо гуфта наметавонем, ки мо ба дигаре ҳаққи устодӣ дорем. Дуруст аст, ки агар ҳар кадоме аз мо имрӯз касе шуда бошем, ин дар заминаи ҳамон баҳсҳои бисёр ҷолибу муфиди мо дар солҳои донишҷӯиамон мебошад.


Аз рӯзноманигорони ҷавони имрӯза киҳоро Шумо меписандед?
Азиз

Ман аз Носирҷони Маъмурзода, аз Каюмарси Ато, аз Абдулфаттоҳ, аз Камоли Саид, аз Умаралии Сафаралӣ, аз Аслами Муллофайзӣ, аз Далер Ғуфронов, аз Иршод Сулаймонӣ, аз Беҳзоди Камолиддин, аз Маърифат, аз Ҳарамгули Қодир, аз Екатерина Кожевникова, аз Зебо Тоҷибоева ва дигарон умеди зиёд дорам.


Мӯҳтарам Раҷаби Мирзо, шумо шогирд доред? Киҳоянд онҳо? Кӯшишҳои кадоме аз эшон шуморо ба ояндаи журналистикаи кишвар дилгарм мекунад?
Собир Масъудов

Вожае, ки ман хуш надорам, устод аст, зеро аз ин вожа он қадар сӯиистифодаҳо шудааст, ки аз ҳадди ифрот ҳам гузаштааст. Латифаҳои зиёдеро дар ин бора шунидаем. Манзури ман аз кӯмак ба касе ин набуда ва ин нест, ки маро касе бо ҳарорат устод ном бибарад. Ин кори шахсии уст. Вале агар бубинам, ки касе дар рохи сайқали касби худ кӯшишҳое менамояд, хеле хурсанд мешавам. Ба қисмати дуввуми суолатон аллакай посух гуфтам.


Аввалан, дуруд ба кормандони Озодӣ ва меҳмони олиқадри Майдони Баҳс!
Раҷаби Мирзо агар мо шуморо Ғӯрмагаси тоҷикӣ аз Войнич ном барем, хафа намешавед? Оё барои дуюмбора ба по намудани Рӯзи Нав ҷаҳд намудед ва агар ҳа, чӣ натиҷа дод?
Бо эҳтиром, Баҳман

Ин ки маро бо чӣ касе монанд кардани мешавед, кори шахсии шумост. Рост мегӯям, ки Ғурмагасро баъди ин суоли Шумо мутолиа кардам. Дуруст, баъзе чизҳое ҳастанд, ки шояд маро бо Артур ё Ғӯрмагас як қадар монанд намоянд. Аммо ба назари ман чунин менамояд, ки ӯро нафрати шахсиаш ба Монтанелли ба мубориза таҳрик додааст. Вале ман ба касе нафрати шахсӣ надорам. Як нафари дигар соле пеш сабаби муборизаи маро ба ҳаёти шахсии ман нисбат дод, аммо он далеле, ки ӯ овард, имрӯз маълум гардид, ки чандон дуруст набудааст. Зеро масъалаи мисол овардаи ӯ ҳоло ҳал шудааст, аммо ин рӯҳияву фаъолияти минбаъдаи маро тағйир надод.

Барои дубора ба по намудани рӯзнома ҷаҳдҳое доштам вале онҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд ва умуман фикр мекунам, омодагии ман барои чопи ин нашрия дар хориҷи кишвар ва бенатиҷа анҷом ёфтани ин кӯшиш худ далели он аст, ки ман дар ҳар шароит розиям, ки фаъолияти Рӯзи Навро аз нав ба роҳ монам. Вале ин номуваффақиятҳои ман низ дар пайи худ ҷавоби худро доранд. Онро кӣ чӣ гуна мефаҳмад, ба виҷдону имони одамон вогузор мекунам.


ШАХСИЯТ....


Шунидаам, ки дар солҳои нобасомони ҷанг, замоне, ки шумо донишҷӯи оддӣ будед, аз дасти силоҳдорон боре Бозори Собирро халос кардаед ва бори дигар номуси як ҷавондухтари бадахширо ҳимоя кардаед? Оё рост аст? Мегӯянд, шумо ҳарчанд ҷисми паҳлавонона надоред, аммо дили паҳлавонона доред.
Бо эҳтиром, ҳаводори шумо

Ростӣ, дар бораи ин ду ҳолате, ки шумо овардаед, шумори мушаххаси дӯстонам медонистанд ва ҳоло ин ҳарду ҳолат ба таври хеле хира дар хотираи ман мондаанд. Бо шоири тавоно Бозор Собир ман бори аввал зимни ҳамин бархӯрд шахсан шинос шудам. Ин қабл аз боздошташ буд, дар соли 1993. Он замон ман дар наздикии хонаи адибон утоқи иҷорае доштам, ва як бегоҳ воқеан ҳам шоҳиди ҳамин гуна ҳодисае шудам ва тавонистам, ки он боевикҳоро мутақоид созам, ки амалашон нодуруст аст.
Дар бораи он духтарак , бале чунин буд ва ҳоло он духтарак зиндагии хушбахтонае дорад ва то ҳанӯз бо оилаи онҳо равуо дорам ва волидайни ӯ маро писархонд ҳам кардаанд.

Бале, он замон ҳатто боевикҳоро бо сухан фаҳмондан имкон дошт, Ман тарс аз он дорам, ки дар шароити ороми имрӯз наметавонам баъзеҳоро мутақоид бисозам, ки амалашон нодуруст аст.


Ман шуморо якчанд маротиба дида будам ва ба гумонам чашми шумо дуруст буд. Ба шумо чӣ рух дод?
Бо эҳтиром Бахтиёр ва маъзарат мехоҳам агар саволҳои ман шуморо нороҳат карда бошанд.

Аз Озодӣ: Акси Раҷаби Мирзо аз бойгонӣ гирифта шудааст ва дар он оқои Мирзо танҳо ба аккос чашмакӣ задаанд.


Ба шахсоне, ки аз ифодаи иродаи худ метарсанд ва ё наметарсанд чӣ гуфтаниҳо доред?

Онҳое, ки ирода доранд, ҳеҷ гоҳ аз ифодаи он наметарсанд. Онҳое, ки мегӯянд, ман ирода дораму вале онро ифода намекунам, дурӯғ мегӯянд.


Шунида будам, ки шумо иҷорашинед, оё дуруст аст? Умуман, вазъи молиятонро шарҳ медиҳед?
Бо ташаккур, Tax Department of Tajik People

Ҳанӯз ҳам иҷора мешинам. Маблағе, ки барои харидани хонаи шахсӣ ҷамъ оварда будам, дар Рӯзи Нав сарф кардам. Аммо агар як соли дигар рӯзнома фаъолият мекард, имкон дошт ман ва чанд корманди дигари рӯзномаам соҳиби хона бишавем, аммо ба ҷои он ман соҳиби овозаҳое шудам, масалан, овоза карда буданд, ки гӯё ким кадом як шахси баландмақом як қасри боҳашамате ба ман тӯҳфа кардааст, Вақте бори дуюм маро лату кӯб карданд ва одамони зиёде ба дидори ман меомаданд, маро дар хонаи фарсудаи иҷораам медиданд ва ҳайрон мешуданд. Ҳоло сарчашмаи мушаххаси молиявӣ надорам, Зиндагиямро аз ҳисоби коршиносиҳое, ки худам мекунм, таъмин менамоям. Баъдан, ман дар замони донишҷӯӣ тоҷири муваффақе ҳам будам, ҳоло ҳам баъзе проектҳои тиҷоратие дорам, ки онҳоро барои баъзе бародарон пешниҳод мекунам ва баъди муваффақият касб карданашон онҳо инсофан ба ман кӯмакҳое ҳам мекунанд. Иловатан, баробари аксарияти мардуми Тоҷикистон бародарони муҳоҷире дорам, ки аз Русия бароям аз рӯи имкон пул интиқол медиҳанд.


Саволи ман ин аст, ки кадом китобро ё мактабро то охираш хондед?
Абдумалик

Китобҳои зиёде хондаам. Баъзе онҳоро аз қабили Мартин Иден-и Ҷек Лондон кӯшиш мекунам, ҳар сол ду ё се маротиба хонам. Китоби ҳеҷ гоҳ тамом накардаам ҲАЁТ ном дорад ва мактаберо, ки ҳеҷ гоҳ тамом накардаам, мактаби хиёнат, шайтонгарӣ, дурӯягӣ ва тарсуист, зеро ба онҳо ягон бор кӯшиши ворид шудан накарда будам ва Худо хоҳад, намекунам.


ВА......

Акаи Раҷаб, хонаи мо намеоед? Шинем, сари як пиёла чой чорта чақ-чақ кунем, ака. Гаштед саратона бо ин бозиҳои фачи сиёсӣ вайрон карда.
Шӯҳрат

Ташаккур ба илтифот ва ғамхориятон. Ман омодаам, ба сари хони ҳар нафар тоҷик биёям бишинам ва бо онҳо сӯҳбат бикунам. Вале зиёд мехоҳам, ки дар сари дастурхони мо ба ғайри нону чой боз чизҳои дигаре ҳам бошанд ва болотар аз ин мардум тавонанд, нотарсона ва ҷасурона ҳарфи дилашонро дар сӯҳбатҳои сари дастархон иброз намуда тавонанд. Мутаассифона, ҳоло шароите ба вуҷуд омадааст, ки ё дар назари ман чунин менамояд, ки мардум аз сӯҳбатҳои сидқӣ дур шудаанд, балки мардум бештар аз якдигар тарс доранд. Ман дар китобҳо хондаам, ки солҳои сиву ҳафт ҳамин гуна шароит будааст.


Бахши аввали посухҳои ҷаноби Раҷаби Мирзо ин ҷост.
XS
SM
MD
LG