Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ тапиши сиёсии соли 2006-уми Тоҷикистон


Носирҷони Маъмурзода Ва ё муруре ба воқеоти муҳимму мондагори сиёсии Тоҷикистон дар соли 2006

«Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падару модарон, савганд ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам- тамоми ҳастӣ, нерӯву ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам».


Аъзои Маҷлиси Олӣ ҳамин савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷусҳури тозаинтихобро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол карданд. Имсол шаҳрвандони Тоҷикистон ба ӯ имкон доданд, шумори солҳои раҳбарияшро ба 21 сол расонад.


1. Пирӯзии Раҳмонов дар интихобот зери суол аст?

Пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонов бо касби ҳудуди 80 дар сади оро аз миёни панҷ довталаб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз иттифоқоти умда ва пурсарусадои арсаи сиёсии соли сипаришавандаи ин кишвар арзёбӣ мешавад. Пирӯзӣ дар интихоботе, ки натоиҷи онро нозирони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамроҳ бо тақаллуб хонда, аҳзоби сиёсии мухолифи давлат аз ширкат дар як чунин маъракаи сиёсӣ парҳез карданд.

Гузашта аз ин Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ва раиси он Раҳматилло Зойиров қонунмандии ин интихоботро, ки Раҳмоновро барои ҳафт соли дигар дар чавкии қудрат нишонд, таҳти суол бурда ва ҳамин ҳоло натоиҷи онро ба додгоҳ кашидааст. Ба иддаои ҷаноби Зойиров, қонуни асосии Тоҷикистон ширкати саввумбораи Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳур номумкин медонад:

«Бар асоси банди 1-уми қонуни интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки гуфтааст номзад бояд ҳуқуқи интихоб шудан дошта бошад, ширкати Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи имсола мумкин набуд. Яъне аз ин қонун маълум мегардад, ки агар шахс ҳуқуқи интихоб шуданро надошта бошад, номзадии вай ба президентӣ пешниҳод шуда наметавонад. Дар қисми сеюми моддаи якуми Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» навишта шудааст, ки агар талаботи ин моддаи қонуни консититутсионӣ вайрон гардад, натиҷаҳои интихобот ғайривоқеӣ ё ғайриамалӣ дониста мешавад».

Бо ин вуҷуд ки оқои Зойиров қонунмандии интихоботро зери суол бурд ва Ҳизби демократи Искандаров онро таҳрим кард, Кумиссиюни марказии интихобот интихоботро баргузоршуда ҳисобид.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари ситоди Кумиссиюни марказии интихобот бо ишора ба ин ки мӯҳлати даъво аз рӯйи натоиҷи интихоботи раиси ҷумҳур гузаштааст, гуфт: «Баъди гузаштани инаугуратсия, ё қасамёдкунии президенти интихобшуда ин гуна шикоятҳо умуман набояд бошанд. Лекин ин қонуншиносони мо ба мисли Раҳматилло Зойиров, инҳо муроҷиат кунанд, даъво кунанд, мо омода ҳастем, он чизе ҳаст дар доираи қонун баррасӣ кунем, то ба ҳамин масъала нуқтаи ниҳоӣ монда шавад».

Раҳматилло Зойиров ба мисли иддае аз коршиносон бар ин бовар нест, ки номаҳои эътирозиаш аз сӯйи додгоҳҳои Тоҷикистон қонеъ карда мешаванд, аммо ба гуфтаи худи ӯ, барои муроҷиат намудан ба додгоҳҳои байналмилалӣ, нахуст ин шикоят бояд ба мақомоти дохили кишвар бирасад.


2. Ислоҳоти беранги Ҳукумати ҷадид


Ҳукумат дар назди раиси ҷумҳури мунтахаб истеъфо дод. Таҳлилгари масоили сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки назар ба худи интихобот, рухдоди мубрамтари сиёсӣ, ба назари вай, ислоҳоти идорӣ ва тағйироти кодрӣ дар ҳайати ҳукумати кишвар будааст. Воқеан, пас аз интихобот, аз 25 вазорату кумитаи давлатӣ 8-тоаш ихтисор ва ҳамзамон сохторҳои ҷадид таъсис дода шуданд.


Ғайриинтизор нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо муовинонаш Асадулло Ғуломову Хайриннисо Мавлонова курсиҳои худро нигаҳ доштанд. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд ислоҳоти ҳокимияти иҷроия зери таъсири омилҳои беруна доир шуд, аммо дар интихоб ва таъини кадрҳо таҷдиди назар нашудааст: «Боз ҳам маҳалгароӣ, фасод ва дигар падидаҳои номатлуб маҳаки асосии муайянкунанда шуданд дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳам додгоҳ, ҳам додситон, ҳам амният, ҳам корҳои дохила ба намояндагони як маҳал, ки аслан ба ҳамдигар робитаҳои авлодӣ низ доранд, дода шуд. роҳбари маъмурияти раиси ҷумҳур бошад, ҳам робитаи авлодӣ дорад ва ҳам нафарест, ки миёни мардум ин қадар маҳбубият надорад. Чунин мисолҳоро давом додан мумкин аст. Ун шартан дигаргуниҳое, ки дар сатҳи шаҳру навоҳӣ шуд, он раисони нав ҳам барои кор кардан дар ин шароит омода нестанд».



3. Таъсири марги Нурӣ ба авзои сиёсии Тоҷикистон


Аз мақомҳояшон барканор шудани аъзои собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик, аз ҷумла вазири умури изтирорӣ Мирзо Зиёев, вазири саноат Зайд Саидов, вазири кор Зокир Вазировро иддае аз соҳибназарон бар фавти нобаҳангоми ба истилоҳ «паноҳандаашон», лидери собиқи Иттиҳоди нируҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ марбут медонанд.


Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 9-уми август пас аз як бемории тӯлонӣ дар синни 59-солагӣ даргузашт. Дар арсаи сиёсии Тоҷикистон вай як чеҳраи саршинос ва бонуфузи даҳаи 1990 буд. Дар гузашта аз душманони сарсахти давлат ҳисобида мешуд ва сипас дар имзои паймони сулҳе, ки ба панҷ соли ҷанги дохилӣ поён дод, яке аз нақшҳои умдаро бозӣ кард.


Соли 1997 Абдуллоҳи Нурӣ ба намояндагӣ аз Иттиҳоди мухолифони тоҷик тавофуқномаи ниҳоии сулҳи тоҷиконро имзо кард ва бо ин низоъҳои ҳамватанӣ, ки бар асари он ҳудуди сад ҳазор нафар қурбон шуд, расман анҷом ёфт. Мардум 40 рӯзи қабл аз вафоти Нурӣ, барои охирин бор сухани ӯро дар таҷлили Рӯзи Ваҳдат шуниданд:


«Фурсатро ғанимат донистан даркор, ҳамаамон даст ба дасти якдигар бидиҳем, барои обод кардани ин кишвар, ҳифзи миллат, матараққӣ кардан, пешрафт кардани кишварамон заҳмат бикашем»

Пас аз марги Абдуллоҳи Нурӣ Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур дархост кард, бинобар саҳми беназир доштани Нурӣ дар бастани сулҳу созиши тоҷикон, ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. То ҳанӯз ба ин баёнияи Ҳизби Наҳзат вокуниши давлат ба бор наомадааст.
Дар садри Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ, муовинаш Муҳиддин Кабирӣ қарор гирифт. Ин ҳизб аз ширкат додани номзади худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ канор ҷуст.


4.«Демократҳои душоха»

Аммо Ҳизби демократи Собиров кӯшише барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ бо номзади худ кард, чун натавонист 160 ҳазор шумори лозими имзои ройдиҳандагонро ҷамъ кунад, довталаби ин ҳизб аз сӯйи кумиссиюни марказии интихобот сабтином нашуд.

Тавре аз гузоришҳои радиои Озодӣ медонед, Масъуд Собиров дар анҷумани изтирории 17-уми август, ки баъдан аз сӯйи аъзои пуштибони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ғайриқонунӣ хонда шуд, раиси Ҳизби демократ интихоб гардид. Вазорати адлияи кишвар низ Собировро ба ҳайси раҳбари расмии демократҳои Тоҷикистон эътироф кард. Аммо ахиран раёсати Ҳизби демократи Собиров, дар ҳоле ки худи ӯ дар мусофират буд, Собировро аз мақомаш барканор кард.


Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, Масъуд Собиров бидуни мушовара бо аъзои раёсат хостори пайвастан бо ҳизби демократи Искандаров шудааст ва ҳамзамон ӯро дар камфаъолиятӣ муттаҳам кард.


Исмонов афзуд, як сабаби барканории Собиров маҳз ҳамин будааст. Дар пайи танқиду мухолифатҳои шадиди ҳизби демократи Искандаров, Масъуд Собиров тариқи расонаҳои гурӯҳӣ эълом кард, ки мехоҳад бо демократҳои Искандаров сари мизи гуфтушунид нишинад ва ба созиш бирасад.


5.Ҳаракати исломии Ӯзбекистон: Тоҷикистон меравем!


Бо ин ҳама чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон аз фаъолиятҳои аҳзоби мухолиф чандон хавф намебаранд, нигаронии онҳо аз созмонҳои ифротӣ, назири Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ҳизбуттаҳрир ва Байъат дар кишвар аст.

Нимаи имсол мақомоти интизомии Тоҷикистон барои нахустин бор иқрор шуданд, ки фаъолияти ин созмонҳо дар Тоҷикистон доман паҳн кардааст ва мавҷудияти онҳо ба амнияти кишвар хатарзо аст. Танҳо дар нимаи аввали соли 2006 10 узви Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Зебо Тоҷибоева, сарвари кулли ожонси хабарии «Авасто» иқрор шудани мақомоти ин кишвар ба густариши амалиёти созмонҳои ифротӣ дар Тоҷикистонро аз муҳимтарин хабарҳои соли сипаришаванда мехонд:

«Мақомоти расмии Тоҷикистон имсол ниҳоятан эълом карданд, ки дар воқеъ таваҷҷӯҳи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистону Ҳизбуттаҳрир ба ин кишвар афзудааст ва шумори сарсупурдагони ин созмонҳои ифротӣ низ зиёд шудааст. Агар ин созмонҳо пештар танҳо ба Ӯзбекистон кор доштанд, ҳоло дар Тоҷикистон натанҳо ба паҳн кардани варақаву адабиёти мамнӯъ, балки ба нашри онҳо низ машғуланд. Ҳадафи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон маҳви ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон будааст. Мақомот низ чашми эҳтиёт доранд аз ин созмон».

Бо ин вуҷуд, набзи ҳаёти сиёсии Тоҷикистон дар соли 2006-ро мешавад мӯътадил арзёбӣ кард. Мардум ба ҳоли худ ба сар мебарад ва мисле ки дар баробари вазъи иҷтимоии баамаломада - гаронии нарху наво дар бозорҳо, мушкили бебарқиву камии ҳаққи меҳнат, авзоъи сиёсии кишвар таваҷҷӯҳи на ҳама қишрҳои аҳолиро ба худ ҷалб мекунад.
XS
SM
MD
LG