Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарифони Тоҷикистон муайян шуданд


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Қирғизистон, Сурия, Қатар, Туркманистон ва Бутан рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Шри-Ланка, Бангладеш ва Муғулистон, ба гурӯҳи «В» Ирон, Ҳиндустон, Баҳрайн, Уммон, Лубнон ва Покистон, ба гурӯҳи «D» Урдун, Узбакистон, Яман, Непал, Фаластин ва Афғонистон, ба гурӯҳи «Е» Ҷопон, Тайланд, Лаос, Муанмар, Малдиви ва Тайван, ба гурӯҳи «А» Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Вйетнам, Ҳонконг, Индонезия ва Гуам дохиланд. Бозиҳои интихобии дастаҳои ҷавонон охири соли 2007 ва қисмати ниҳоии мусобиқот соли 2008 баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Бангладеш, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон, Фаластин ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» тимҳои Сурия, Яман, Уммон, Қатар, Қирғизистон ва Покистон, ба гурӯҳи «В» Ирон, Непал, Урдун, Кувайт, Баҳрайн ва Афғонистон, ба гурӯҳи «С» Арабистони Саудӣ, Ироқ, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Лубнон ва Бутан, ба гурӯҳи «Е» Чин, Сингапур, Гуам, Муғулистон, Макао ва Филиппин, ба гурӯҳи «F» Ҷопон, Вйетнам, Ҳонконг, Индонезия, Камбоҷа ва Лаос, ба гурӯҳи «G» Куриёи Шимолӣ, Муанмар, Австралия, Малайзия, Малдиви ва Тимори Шарқӣ, ба гурӯҳи «Н» Куриёи Ҷанубӣ, Тайланд ва Тайван дохил шуданд.
Мусобиқот дар ҳамаи гурӯҳҳо охири соли 2007 баргузор мешавад. Аз гурӯҳи «Н» танҳо дастаи ғолиб ва аз гурӯҳҳои дигар ду дастаи беҳтарин ба қисмати ниҳоии мусобиқот роҳ меёбанд.
XS
SM
MD
LG