Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи тулонӣ то Кохи Сафед


Вашингтон Андрей Туллӣ Дар Иёлоти муттаҳида, тибқи Қонуни асосӣ, мӯҳлати раёсати ҷумҳур ду бор чаҳорсолӣ муқаррар шудааст. Ва аммо дар мавриди он ки маъракаи пешазинтихоботӣ кай шурӯъ мешавад, дар ин санад ҳарфи мушаххасе нест. Таври маъмул, ин маърака ду ваё бештар аз ду сол қабл аз рӯзи райъдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур оғоз меёбад.

Рудолф Ҷулианӣ, шаҳрдори пешини Ню Йорк, ки баъд аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 миёни мардум маъруф шуд, аз довталабони курсии раёсати ҷумҳур аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи соли 2008 ум аст.Агар ӯ барои ширкат дар интихобот тасмими ниҳой бигирад, бидуни шубҳа, аз ҳарифони "душвор"-и сенатор Ҷон МакКэйн хоҳад буд. МакКэйн - собиқ асири ҷанг дар Ветнам, соли 2000 дар сабқат бо Ҷорҷ Буш барои номзади ҷумҳурихоҳон шудан мағлуб шуда буд. Ӯ ба хотири арзёбии имконоташ дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2008 аз ҳоло як кумитаи пажуҳиширо таъсис додааст, аммо дар сӯҳбатҳо мегӯяд, дар мавриди талош барои дарёфти курсии президенти Иёлоти муттаҳида тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Ман ҳамеша мегуфтам, ки дар оғози соли оянда тасмим мегирам, аз ин рӯ ҳамроҳ бо аҳли хонаводаам ҳангоми рухсатӣ дар охири сол ба як қарор меоем

Дигар номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон Митт Рамней - волии ёлати Массачусетс номбар мешавад, аммо ӯ миёни мардум зиёд маъруф нест. Зимнан, авоили солҳои 90-ум дар бораи волии Арканзас Билл Клинтон низ ҳамин ҳарфҳоро мегуфтанд, яъне, он айём номи ӯ ҳам ба бештари сокинони Иёлоти Муттаҳида ошно набуд. Бо вуҷуди ин, Клинтон дар муборизаи шадид барои Кохи Сафед пирӯз шуд.
Аз нигоҳи коршиносон, миёни демократҳо Барак Обама, узви Сенат аз ёлати Иллинойса аз довталабони аслии мақоми раиси ҷумҳур аст. Обама 45 сол дорад ва ягона африқоинажодест, ки узви Сенати Иёлоти муттаҳида интихоб шудааст. Ӯ аз таҷрибаи зиёди сиёсӣ бархурдор нест ва аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки дар роҳи худ устувор гом мениҳад. Модари Обама аз сафедпӯстони ёлати Канзас ва падараш аз сияҳпӯстони Кения аст, ӯ бахши ҳуқуқи донишгоҳи Ҳарвардро хатм кардааст. Агар Барак Обама барои ширкат дар интихобот тасмим бигирад, ҳарифи ӯ сенатор Ҳиллари Клинтон - хонуми раисиҷумҳури пешин Билл Клинтон хоҳад буд.
Ҳарчанд хонум Клинтон ҳанӯз тасмимаш барои ширкат дар интихоботро эълон накардааст, коршиносону сиёсатмадорон ӯро довталаби аслӣ аз Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2008 ум мехонанд. Том Вилсак, волии ёлати Айова низ паёми рушан додааст, ки мехоҳад номзади ҳизби демократ дар интихоботи президентӣ бошад. Вале ӯ низ аз маъруфият миёни мардуми ҳама манотиқи кишвар бархурдор нест.
Ва аммо дар ҳоле, ки то интихоботи раёсати ҷумҳури Иёлоти муттаҳида қариб ду соли дигар боқӣ мондааст, оё дар бораи номзадҳо ба ин мақом ҳарф задан барвақт нест?
Аз нигоҳи Патрик Бошам, раиси пажуҳишгоҳи демократияи Маркази пажуҳишҳои сиёсии Вошингтон, онҳое, ки ҷиддан барои мақоми раиси ҷумҳур талош доранд, хуб дарк кардаанд - барвақттар ба ин маърака омодагӣ гирифтан шонсҳоро барои пирӯзӣ бештар мекунад:

Мо, бидуни шак, дар ҳоли маъракаи ҳамешагӣ қарор дорем. Ва аз ин рӯ номзадҳои эҳтимолӣ ва ситодҳои интихоботии онҳо на ду сол қабл, балки номзадҳо ва ситодҳое ҳастанд, ки чаҳор сол қабл омодагӣ мегиранд. Ҳилларӣ Клинтон ва Ҷон Маккейн ҳадди аққал ду сол боз барои дарёфти мақоми раисиҷумҳур омодагӣ мегиранд.

Патрик Бошам мегӯяд, омодагиҳои пешакӣ барои он зарур аст, ки номзадҳо дар сатҳи кишвар шинохта шаванд ва мардум низ дар бораи онҳо иттилоъ дошта бошанд. Ӯ меафзояд, муаррифӣ шудан дар сартосари кишвар барои дарёфти кумакҳои молӣ ба хотири ташкили маъракаи интихоботӣ басо муҳим аст.
Айни ҳол, таҳлилгар ба як мушкили номзадҳо аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ишора мекунад. Ба гуфтаи Патрик Бошам, онҳо ҳайронанд, ки аз Ҷорҷ Буш ва сиёсати ӯ пуштибонӣ кунанд ё на? Соли 2004 ум, вақте Буш барои такроран раиси ҷумҳур шудан талош мекард, миёни сокинони Амрико шӯҳрати зиёд дошт. Ва аммо тайи ду соли ахир рейтинги раиси ҷумҳур пойин рафт. Сабаби ин, аз нигоҳи таҳлилгар, қабл аз ҳама, нотавонии Кохи Сафед дар қиболи туфони Катрина, ки тирамоҳи соли 2005 ум ба кишвар хисороти бузург ворид кард, афзоиши хушунат дар Ироқу Афғонистон ва ҳалокати низомиёни амрикоӣ дар ин кишварҳо буд.
Аз рӯ, мегӯяд Патрик Бошам, шояд бархе аз номзадҳои ҷумҳурихоҳ бо барномаҳои мутафовит бо сиёсати Буш ба майдони сабқат барои курсии раиси ҷумҳур ворид шаванд:

Ду омиле, ки ҳар як номзади дурандеш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ онро ба стротежики худ бояд ворид кунад. Омили аввал - гумон аст, ки Буш ду соли оянда аз нав ба раисиҷумҳури басо маъруф табдил шавад. Ва омили дуввум - дар Амрико асосан он сиёсамадороне раисиҷумҳур интихоб шудаанд, ки мухолифи Вошингтон буданд.

Ин маънои онро дорад, ки ҳар номзад бояд ба интихобкунанда намоиш диҳад, ки ӯ ба истилоҳ "одами ҳукумат" нест ва фақат ба ниёзмандиҳаои мардуми Амрико таваҷҷуҳ дорад.
XS
SM
MD
LG