Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри нахустшумораи "Озодагон" дар Душанбе


СМ

Рӯзи панҷшанбеи 28 декабр дар Тоҷикистон боз як нашрияи нав ба дасти чоп расид. «Озодагон» ҳафтаномаи шахсист. Муассис ва сардабири газета Зафар Суфии Фарғонӣ аз рӯзноманигорони шинохташуда дар кишвар аст.


Ӯ мегӯяд, ҳадафи аслии нашри газета дарҷи матолибест, ки ба ормонҳои миллӣ, мушкили забони форсии тоҷикӣ, маъориф, фарҳанг ва таърихи миллат бахшида шудаанд.


Аз Зафар Суфии Фарғонӣ мепурсам, ки оё хавфи муаррифии газета ҳамчун як ҷаридаи миллатгаройӣ вуҷуд надорад? Ӯ гуфт: «чаро дигарон миллати худро дӯст доранду мо тоҷикон на? Мо як миллате ҳастем, ки таъриху фарҳанги қадимтар ва ғанитар дорем. Аз сӯи дигар, ҳар мақолае, ки нашр мешавад, бо факту рақам мураттаб аст. Фикр намекунам, ки мо миллатгаройем, мо газетаи миллатдӯстем!»


Дар ҳамин маврид «Озодагон» панҷумин ҳафтаномаест, ки дар се моҳи ахир дар Душанбе нашр шудааст. Қаблан дар кишвар газетаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва тафреҳии «Сафина», «Нигоҳ», «Фараж» ва «Овоза» ба дасти чоп расиданд.


Коршиносон мегӯянд, пас аз ҷилавгирии муваққатӣ аз номнависии газетаҳо дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ теъдоди газетаҳо дар кишвар хоҳанд афзуд.

Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG