Пайвандҳои дастрасӣ

Қасди ҲНИТ барои ширкат дар интихоботи такрории порлумонӣ


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар муборизоти интихоботӣ дар се ҳавзаи инфиродӣ дар вилояти Хатлон - ҷануби ин кишвар номзадҳои худро барои дарёфти мандати вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон ширкат диҳад. Ҳикматулло Сайфуллозода -раҳбари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт,ки қарори пешниҳоди номзадҳо аз ҳизб барои дарёфти мандати вакилӣ дар ҷаласаи ахири Шӯрои сиёсӣ иттихоз шудааст.


Баргузории интихоботи такрорӣ дар ҳавзаҳои интихоботии вилояти Хатлон дар пайи қабл аз мӯҳлат қатъ кардани узвияти Ғайбулло Афзалов ва Шукурҷон Зуҳуров дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имконпазир шудааст.


Дар ду рӯзи пеш Камиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълом кард, афрод ва созмонҳои сиёсӣ,ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, метавонанд то рӯзи ҳафтуми моҳи январи соли оянда барои сабти номи номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар ин ҳавзаҳо аснод пешниҳод кунанд.


Зеро бар асоси Қонуни интихоботи Маҷлиси Намояндагон баъд аз қатъи узвият дар порлумон дар ин ҳавзаҳо бояд тайи се моҳи оянда интихоботи такрорӣ баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол аз аҳзоби дигари кишвар ҳанӯз иттилое барои ширкат дар интихоботи ҳавзаҳои инфиродӣ дар вилояти Хатлон нарасидааст.


Вале Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки ба эҳтимоли қавӣ ҳизбаш дар ин ҳавзаҳо аз пешниҳоди номзад худдорӣ хоҳад кард. Аммо масъулини Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ,ки аксари курсиҳои парлумони кишварро дар ихтиёр доранд таъйид карданд,ки дар ин интихобот ҳатман ширкат хоҳанд кард.


Мӯсо Асозода -раҳбари дастгоҳи иҷроияи ин ҳизб гуфт,ки номи номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар ҳавзаҳои холишуда низ тақрибан маълум шудааст аммо ин интихобкунанда аст,ки пирӯзии онҳоро дар интихобот таъмин мекунад.Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар феврали соли 2005 доир шуда мӯҳлати фаъолияти он панҷ сол мебошад.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG