Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«ХИМА» - барандаи Ҷоми Александр Кирсанов


Сардовар Дамир Камолиддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқоти анъанавӣ оид ба футзал бо ширкати 32 даста дар ҳашт гурӯҳ дар толори бозиҳои дастии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Вай афзуд: «Александр Кирсанов дар дастаҳои машҳури «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ирригатор»-и Душанбе бозӣ кардааст. Бори понздаҳум ба хотираи ин футболбози маъруф мусобиқоти тимҳои футзали шаҳри Душанбе баргузор шуд. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин барои ширкат дар давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.»

Дар бозиҳои ниманиҳоӣ дастаи «ХИМА» бар тими «Флоарэ» бо натиҷаи 5 бар 2 ва дастаи «Вавилон» бар тими «Спарта» бо натиҷаи 13 бар 3 пирӯз шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Замони асосии бозии ниҳоӣ миёни тимҳои «ХИМА» ва «Вавилон» бо натиҷаи мусовии 4 бар 4 ба поён расид. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра «ХИМА» бо натиҷаи 7 бар 6 ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард. «Вавилон» дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи «Флоарэ», ки тими «Спарта»-ро бо натиҷаи 7 бар 3 шикаст дод, ҷойи севвумро соҳиб шуд.
XS
SM
MD
LG