Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронӣ аз сайди Марко поло дар Бадахшон


Мирзоҷалол Шоҳҷамолов

Аз моҳи сентябр то авохири декабр дар куҳҳои Бадахшон 28 гусфанди Марко Поло ва 11 сар бузи куҳӣ шикор шудаст. Масъулини идораи ҳифзи табиат мегуянд,ки дар мавсими шикори имсола дар қиёси солҳои қаблӣ 10 адад иҷозатнома барои шикор камтар дода шудааст.



Сол ба сол камшавии квота барои шикори Марко Поло тибқи супориши Ҳукумати ҷумхурӣ ба хотири ҳифозати ин гусфанди нодири куҳии муштамили Китоби Сурхи Точикистон сурат гирифтааст.



Аммо мудири шуъбаи олами ҳайвонот ба шикори идораи ҳифзи табиати Бадахшон Давлатёр Парвонаев шикори қонунии гусфанди нодири куҳии Марко Поло ва бузи куҳиро дар Помири Шарқӣ яке аз манбаҳои муҳими даромади буҷа мешуморад.


Вай мегуяд,ки мавриди тири шикорчиён асосан он ҳайвоноте қарор мегиранд,ки ҷиҳати пиршавӣ барои такрори истеъмолкунӣ дигар қодир намебошанд.Вай изхор дошт: «маблағи аз ҳисоби шикор ба даст омада асосан барои барқарорсозии Марко Поло дар ноҳияи Мурғоб истифода мешавад».


Барои шикори ҳар сар гусфанди Марко Поло ба соҳиби шохи зебои он шуда аз 8 то 10 доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Дӯстдорони шикоре,ки ба Помири Шарқӣ меоянд асосан шаҳрвандони Аврупо ва Амрико буда, баъзан дар байнашон атбои
Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ вомехуранд.



Алҳол саршумори Марко Поло дар Помири Шарқӣ 10-12 ҳазор сар нишон дода мешавад. Сардори шуъбаи олами ҳайвонот ва шикори идораи ҳифзи табиати Бадахшон гуфт:


«дар якҷоягӣ бо Академияи Илмҳо ба ҳисобгирии гусфандони Марко Поло анчом дода шуд. Дар ҳар километри мукааб 4-5 гусфанд ба мушоҳида расид,ки ба ҳисоби миёна 10-12 сарро ташкил медиҳад. Аммо бархе аз олимон ки тайи солҳои охир ҳифзи
олами вуҳушу туюри минтақаро риштаи таҳқиқоти хешро қарор додаанд, шумори гусфандони Марко Полоро ба маротиб камтар нишон арзёбӣ мекунанд.


Доктори улуми набототшиносӣ Акбар Мамадризохонов гуфт: «Таи солҳои охир зери таъсири омилҳои антропологӣ, яъне инсонӣ саршумори гусфандони Марко Поло дар Помири Шарқӣ хеле кам шуда, тахминан дар ҳудуди 5-6 ҳазор сарро ташкил медиҳанд.


Олимон ва мутахассисон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳамасола шумори зиёдтари Марко Поло бар асари шикори ғайриқонунӣ аз байн бурда мешавад.

Қаблан намояндаи як созмони байналмиллалии дустдорони табиат бо номи "Табиати ваҳшӣ" тайи номаи ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди идомаи шикори ғайриқонунии Марко Поло аз ҷониби сокинон ва марзбонон бонги изтироб зада буд.


Аммо сардори идораи ҳифзи табиати ноҳияи Мурғоб Абдуқодир Аҳмадшарипов мегуяд, ки таи солҳои охир дар робита бо шикори ғайриқонунӣ танҳо 2 нафар сокини маҳаллӣ ба муҷозот кашида шуда, оиди даст доштани афрод ва гуруҳҳои дигар дар шикори ғайриқонунӣ онҳо далели шайъӣ дар даст надоранд.
XS
SM
MD
LG