Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Исломиддинов: "На! Бовар кунед, ки порлумон мустақил аст!"


"Дар давоми қариб ду соли фаъолияти ин даъвати Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мӯҳтарам Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич бисёр қонунҳои ҳаётан муҳим дар Тоҷикисон қабул карда шуданд,ки онҳо барои пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон аҳамияти калон доранд.


Масалан яке аз қонунҳои муҳиме,ки Маҷлиси намояндагон дар қироати дуввум ва баъд аз муҳокимаи умумихалқӣ қабул кард,ин қонун дар бораи Ассосиасияи истифодабарандагони об мебошад,ки муносибатҳои истифодабарии обро дар соҳаи аграрии Тоҷикистон дар вақти гузариш аз як сохтори аграрӣ ба дигар сохтор танзим менамояд. Ин як проблеммаи ниҳоят муҳимм буд ,дар соҳаи аграрии Тоҷикистон,ки мо онро бо ин қонун ба танзим дароварда истодаем.


Дар вақти фаъолияти кӯтоҳи худ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз тарафи ман қонун дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунандаи Тоҷикистон дар бораи металлҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо пешниҳод карда шуд.


Мақсади асосии даровардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун додани имконият ба он шахсони алоҳида ,ки ба истихроҷ ва дарёфти сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон , ман дар назар дорам яъне ба таври конкрет гӯям дар водии Зарафшон ,дар вилояти Бадахшон машғул ҳастанд ,барои додани имкониятҳо барои онҳо ин тағйиру иловаҳо бо ин қонун ворид карда шуданд ва ин қонун аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.


Дигар лоиҳаи қонуне ,ки ман пешниҳод кардам, қонуни мукаммал, ин қонун дар бораи созишномаҳо оиди тақсими маҳсулот аст.Дигар қонуне,ки ман пешниҳод кардаму хулосаи мусбӣ аз тарафи тамоми вазорату ҳукумат ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон гирифтем ва ба қарибӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунем ин қонун дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкундаи Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ мебошад,ки ин қонуни қабулмекардаи мо бояд муносибатҳои байни муштарӣ ва операторони алоқаи барқиро ба танзим дарорад. Яъне дар назар дорад,ки ҳамаи зангҳои воридотӣ дар Тоҷикистон новобаста аз кадом операторе,ки ҳаст бепул карда мешавад"



А.Қ: Ҳар сол вакилон дар давра ва вақтҳои муайян бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд. Оё он чи ки мардум дар ин вохӯриҳо дар мулоқотҳо бо шумо матраҳ мекунанд, дар порлумон баррасӣ мешавад?


М.И: "Дар яке аз вохӯриҳое,ки ман доштам интихобкунандагони як деҳа оиди ба онҳо ҷудо намудани замин барои сохтмони манзил дархост пешниҳод намуда буданд.Баъд аз гирифтани ин дархост мо аз номи Маҷлиси намояндагон ва аз номи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардем ва ман аз пайи ҳалли ин масъала шудам.Ва ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ин масъаларо мусбат ҳалл кард. Бисёр масъалаҳо мусбат ҳалл мешаванд. Лекин баъзе масъалаҳо аз сабаби маҳдудияти имконият ба нақшаи ҳукумат, ба барномаи дигар вазоратҳо дохил карда дар муҳлатҳои наздиктар ё дуртар , аксарияти онҳо ҳалли худро меёбанд».


А.Қ: Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд,ки парламенти имрӯзаи Тоҷикистон аз нафарони пулдор ва сарватманд ташкил шудааст.Аз ин рӯ бисёре аз афроди рӯшанфикр ва донишманд аз ин парламент канор мондаанд?

М.И: «Ба фикрам ин ин тавр нест. Барои мисол агар ноҳияи Исфара ,ки ман аз онҷо вакил интихоб шудам дида бароед ,дар онҷо ниҳоят муборизаи шадид рафт.Ман раиси ноҳия будам. Байни ман ва ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯҳтарам Қосидхон Воҳиддинов ва собиқ раиси шаҳри Исфара собиқ вазири ҳукумати Тоҷикистон мӯҳтарам Ҳалимов ниҳоят муборизаи шадид рафт. Ноҳияи Конибодомро низ мисол гирем. Дар онҷо низ ниҳоят мубориза шадид буд. Ё ноҳияи Ҷаббор Расулову Зафаробод.Дар онҷо низ якчанд довталабҳо иштирок карданд.Ва мубориза низ ниҳоят мубориза шадид буд. Интихобот интихоботи ҳам шаффоф ҳам демократӣ гузашт. Ман вазъиятро дар вилояти Суғд гуфтанӣ ҳастам,ки ниҳоят шаффофу демократӣ гузашт».


А.Қ: Коршиносон парламентро бо он,ки ҳама қонунҳои ирсолшуда аз сӯи ҳукуматро бидуни баррасии ҷиддӣ қабул мекунад камсалоҳият мегӯянд. Шумо чӣ назар доред?


М.И: «Ин тамоман нодуруст. Ман аз фаъолияти рӯзноманигорон эътироз ва норозигӣ дорам,ки онҳо дар ҳақиқат фаъолияти парламентро дуруст инъикос намекунанд. 65-70 дар сади қонунҳо аз тарафи ҳукумат меояд,зеро мувофиқи қонун бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Медонед ,бисёр вақт мо ними ҳамин қонунҳоро дигар мекунем. Ба қарибӣ ду қонун аз тарафи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаи мо барои баррасӣ пешниҳод карда шуд.Қонунҳое,ки вобаста ба ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо буданд.Қонунҳо ба дараҷае хом буданд,ки мо бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор, яъне бо вазорати иқтисод ва бо ҳукумат якчанд маротиба онҳоро баррасӣ кардем, бисёр дигаргуниҳо даровардем.Бисёр бобҳои нав даровардем,бисёр моддаҳоро хориҷ кардем ва қонун тамоман шакли дигар гирифт.Ва дар муҳокимаи Маҷлиси намояндагон дар вақти қабули ин қонунҳо баҳсу талошҳои тезутунд ба вуҷуд омадаанд.Қонунҳо дар Маҷлиси намояндагон асосан дар кумитаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд».


А.Қ: Коршиносон мегӯянд,ки Қонуни буҷҷаи Тоҷикистон,ки ҳарсол аз тарафи Маҷлиси Намояндагон тасдиқ мешавад ,дар ҳар мавриди дилхоҳ аз ҷониби ин ё он гурӯҳ ва ё нафарони алоҳида мавриди ислов ва тағйирот қарор мегирад. Масалан барои сохтмони меҳмонхонаҳо бархе аз маҳсулоти воридотии сохтмонӣ аз пардохти молиёт озод мешавад ,ё ки барои корхонаи арзиз низ ҳамин тавр муносибат сурат мегирад.Яъне парламент ҳарончизеро ,ки ҳокимияти иҷроия тақозо мекунад ва дар мавриде,ки лозим барои ҳукумат аст ,дар либоси қонун медароварад?


М.И: «Агар оиди бюҷет гӯем, дар ҳақиқат он фикр дуруст аст,ки лоиҳаи қонун дар бораи бюҷети ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда аз тарафи ҳукумат дертар пешниҳод карда мешавад.Дар ҳақиқат нисбати дигар ҷумҳуриҳо мо лоиҳаи қонуни мазкурро аз тарафи ҳукумат дертар мегирем. Масалан соли гузашта муҳокимаронии ин қонун ду моҳ идома пайдо кард. Имсол бошад ҳамагӣ биступанҷ- сӣ рӯз давом кард. Барои ҳамин камтар оиди қабули лоиҳаи қонун камбудиҳо ҳаст.Лекин ман гуфтанӣ ҳастам якчанд маротиба то гузаронидани сессия дар ҷаласаи васеи кумитаҳо ҳамин сол ҳамин практика ҷориӣ карда шуд,ки барои мисол кумитаи мо ҳамин қонунро мебинад, фикру мулоҳизоти худашро дар хулосаҳои худаш баён мекунад.Кумитаи бюҷет ,ки саркумита ҳаст ,оиди қабули қонуни бюҷет бо мо ва бо иштироки намояндагони вазорати молия вазорати даромадҳо ва пардохтҳо ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба вохӯрӣ гузоранд.Ва мо тавонистем,ки бисёр фикрҳои худро гузаронем. Он тағйиротҳое,ки масалан ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон оиди буҷет барои соли 2006 ворид карда шуданд онҳоро метавон дигаргуниҳою тағйирҳои ҷузъӣ гуфт. Ҳаёт тақозо мекунад,ки он тағйиртҳо дароварда шавад»


А.Қ: Аз андоз озод кардани ашёе,ки барои бунёди меҳмонхонаҳо мешавад, ё ки барои корхонаи арзиз ,ҳаминҳо ҳам тақозои ҳаёт ҳастанд?


М.И: «Инҳо тақозои ҳаёт ҳаст. Инҳо лозим барои ҷалби сармоягузорӣ.Мо ҳамин хел кунем,ки Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ шароити мусоид дошта бошад».


А.Қ: Дар вақти тасдиқи аъзои нави ҳукумати Тоҷикистон вакилон вазирони навро хеле кам муҳокима карданд.Бо вазирон суолу ҷавоб камтар шуд.Гуфтан мумкин аст,ки парламент ҳамвора аз он чи ки ҳокимияти иҷроия мекунад ,қонеъ аст?

М.И: «Парламент аз фаъолияти ҳокимияти иҷроия доимо қонеъ мебуд ,пешравӣ дар ягон давлат намешуд. Дар вақти тасдиқи ҳукумати Тоҷикистон дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси олии Тоҷикистон бисёр саволҳо дода шуданд.Лекин ман бояд ба Шумо савол диҳам,ки барои чӣ ҳамин саволҳое,ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон ба вазирон дода шуданду ва онҳо ҷавоб гирифтанд дар васоити ахбор чоп нашуданд. Масалан дар вақти баромади сарвазири Тоҷикистон бисёр саволҳо дода шуданд.Барои беҳтар намудани фаъолияти вазорати корҳои дохилӣ таклифҳо ворид шуданд ва аз тарафи вазири корҳои дохилӣ ҷавоб гирифта шуд. Дар вақти тасдиқи вазири корҳои хориҷӣ,дар вақти тасдиқи вазири молияи Тоҷикистон. Ман аз мӯҳтарам Сафаралӣ Маҳсуддинович Наҷмиддинов пурсон шудам,ки вазорати молия дар рӯзҳои наздик нақша дорад ба президенти кишвар таклиф пешниҳод намояд оиди як маротиба зиёд намудани ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон. Бо мақсади зиёд намудани даромад аз ҳисоби андозбандӣ аз даромади шахсони воқеӣ ,бо мақсади легализасияи музди маош дар субъектҳои хоҷагидор.Як фикру мулоҳизаронӣ мебоист,ки дар воситаҳои ахбори умум барпо мешуд,ки бо кадом мақсад вакил ҳамин саволро дод».

А.Қ: Дар робита ба таҳаввулоте,ки дар Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, яъне дар қонуни асосии ин кишвар тағйирот ворид шуд ,ки дар асоси он баъзе аз салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро ба парламент доданд Фикр намекунед ҳамин гуна шароит барои Тоҷикистон ҳам ба вуҷуд омада бошад?

М.И: «Ҷумҳурии Қирғизистон давраи гузаришро аз сар гузаронида истодааст. Ҷумбишҳое,ки дар ҷумҳурии Қирғистон ба вуқӯъ омада истодаанд, инро мо мутассифона аз сар гузаронида будем.Дар ҳамин давра салоҳиятҳоеро,ки мо ба раиси ҷумҳурӣ дод истодаем ин салоҳиятҳо барои пешрафти ҷумҳурии Тоҷикистон,барои тинҷии кишвар албатта мусойидат мекунанд.Вақте ки иқтисодиёт пурқувват мешавад, вақте ки некуаҳволии мардум беҳтар мешавад, он вақт дигаргуниҳоро дар соҳаи сиёсат гузаронидан мумкин мешавад».


А.Қ: Коршиносон бар ин боваранд,ки ба як нафар додани салоҳиятҳои зиёд ҷомиаро ба сӯи авторитаризм ва худкомагӣ мебарад.Яъне тоталитаризм дар ин кишварҳо бештар ҳоким мешавад?


М.И: «Ин аз шахсият вобастагӣ дорад. Дар ҳолати ҳозираи Тоҷикистон ман инро ҳис намекунам ва халқ инро ҳис накарда истодааст ва ҳолати ҳозираи роҳбарӣ кардан ба Тоҷикистонро халқ эътироф кард. Ба тарафдории президенти мо чандсмиқдори халқ овоз дод».


А.Қ: Ба унвони саволи охир :Шумо чандин сол дар ҳукумати ноҳия кор кардед ҳамчунин муовини сарвазир будед ,дар солҳои 1990-1995 депутати Шӯрои олӣ будед. Ба сифати як фард ва як инсон кор кардан дар шароити имрӯзи Тоҷикистон дар ҳукумат хубтар аст ё дар парламент?


М.И: «Ҳукумат ҳам бартариҳои худашро дорад,парламент ҳам .Аммо ба ҳайси раиси кумита дар парламенти Тоҷикистон эҳсоси ман ин аст, бо он таҷрибаи корие,ки ҳосил кардаам ,вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон будан ,ҳоло муфидтар аст».
XS
SM
MD
LG