Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикгаз" ва "Узтрансгаз" ба мувофиқа расиданд


Фарҳоди Мелод

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар баробари афзойиши қимати гоз аз сӯйи Ӯзбекистон хостори боло бурдани қимати интиқоли гози ин кишвар аз ҳудудҳояш шудааст.


Ёраҳмад Бегмаҳмадов, сарвари раёсати таъмини нафту гози Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, нархи аз сӯйи Ӯзбекистон муқарраршудаи гоз ҷавобгӯи воқеияти Тоҷикистон нест.


Вай афзуд: «Аз 55 ба 100 доллар афзудани нархи гоз муносиби мо нест. Ақаллан аввал 70 доллар мекарданд, баъд 70, баъд 90-у 100. Аз ин хотир, мо талаб карда истодаем, ки вақте шарномаи байни ду давлат ба имзо мерасад, ақаллан барои ҳамин сол нархи гоз 90 доллар бошад»


Тибқи иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, Тоҷикистон дар соли 2007 аз Ӯзбекистон 700 миллион метри мукааб гозро бо нархи 100 доллари амрикоӣ сари ҳар 1000 метри мукааб харидорӣ мекунад.


Ба истеъмолкунандагони Тоҷикистон қимати гоз ба 130 доллар хоҳад расид. Тибқи шартномае, ки миёни Тоҷикгаз ва Узтрансгаз баста шудааст, Тоҷикистон бояд маблағи ҳар даҳ рӯзро пешпардохт намояд.


Дар акси ҳол, интиқоли гоз аз сӯйи Ӯзбекистон қатъ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, вазорати энержӣ ва саноат аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то қимати интиқоли гози Ӯзбекистон аз ҳудудҳои кишвар ба 2 доллари амрикоӣ сари ҳар километр боло бурда шавад.


Сарвари раёсати таъмини нафту гози Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, аз соли 2005 ба ин сӯ ҳаққи интиқоли гоз аз шоҳқубурҳои ҳудуди Тоҷикистон 1,1 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.


Тибқи иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, аз ҳудудҳои Тоҷикистон 4 шохаи интиқоли гоз мегузарад, ки ҷамъан беш аз 250 кмро ташкил медиҳанд.


Ёраҳмад Бегмаҳмадов, сарвари раёсати таъмини нафту гози Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди вазораташ навҳаи сиёсӣ надорад, балки дар ҳоле сурат мегирад, ки қимати гоз дар тамоми минтақа боло рафтааст ва зарурати таҷдиди назар сари нархи интиқоли гоз низ пеш омадааст.

Фарҳоди Милод, радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG