Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беҳтаринҳои футболи тоҷик соҳиби ҷоизаҳо шуданд


Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол тимҳои футболи ин кишвар дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ ширкат карда, натоиҷи назаррас ба даст оварданд. Вай афзуд: «Тими миллии Тоҷикистон нахустин барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё гардид. Дастаи мунтахаби наврасони то 17- солаи кишвар бо медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё сарфароз шуда, ба қисмати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2007 дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC роҳ ёфт. Ҳамчунин дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкат карда, миёни ҳашт тими беҳтарини миллии қора ҷойгир шуд.»

Дар маросим нахуст тими лигаи олӣ - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо Ҷоми қаҳрамони футболи Тоҷикистон ва аъзои ин даста бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Роҳбарону мураббиён ва бозигарони дастаи «ХИМА»-и Душанбе медалҳои нуқра гирифтанд. Ба ҳайати дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Тими «Энергетик»-и Душанбе - ғолиби мусобиқоти лигаи аввал бо медалҳои тилло, дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо медалҳои нуқра ва тими «Апрелёвка»-и Қайроққум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Ба беҳтарин бозигари сол Хуршед Маҳмудов, узви дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ба беҳтарин дарвозабон Аслиддин Ҳабибуллоев, аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ба беҳтарин ҳимоятгар Ҷамолиддин Оев, аз тими «ХИМА»-и Душанбе, ба беҳтарин ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов, аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва ба беҳтарин голзан Фозил Сатторов, аз тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ҷоизаҳои Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва сарпарастон супурда шуданд.

Беҳтарин мураббиёни сол - Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Шариф Назаров, сармураббии дастаи «ХИМА»-и Душанбе ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, беҳтарин доварон Ориф Ҷӯраев ва Алишер Қараев ва беҳтарин мураббии футболи кӯдакону наврасон Достон Мамиров, аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ соҳиби мукофот гардиданд.

Ҳамчунин ба беҳтарин бозигарони сол дар риштаи футзал - Миралӣ Шарифов, аз дастаи «ХИМА»-и Душанбе, Фирдавс Файзуллоев, аз тими «Вавилон» -и Душанбе ва Шерзод Ҷумъаев, аз дастаи «Телеком технолоҷӣ»- и Душанбе ва ба беҳтарин мураббии футзал Комил Бобоев, аз дастаи «ХИМА» ҷоизаҳо тақдим шуданд.
XS
SM
MD
LG