Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов номзад ба мақоми президенти Туркманистон шуд


Ниҳоди олии қонунгузории Туркманистон рӯзи сешанбе бо иттифоқи оро кафили раёсати ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба ҳайси номзад ба ин мақом тасвиб кард. Халқ Маслаҳати ҳамин тавр бо иттифоқи оро интихоботи ҷадиди президентиро ба рӯзи 11 феврал таъйин кардааст.

Ин нахустин иҷлосияи Халқ Маслаҳати баъди даргузашти президент Сафармурод Ниёзов буд. Дар ин иҷлосия бар иловаи наздики 2500 вакил 47 меҳмон, аз ҷумла сафирони кишварҳои хориҷӣ ва хабарнигорон аз хориҷ ширкат доштаанд. Ва аммо дар иҷлосияи ниҳоди қонунгузории Туркманистон намояндагони мухолифини давлат ин бор ҳам ҳузур наёфтанд. Талоши Иттиҳоди нирӯҳои демократии Туркманистон, ки дар хориҷ амал мекунад, барои ирсоли намояндагонаш ба Ишқобод бенатиҷа анҷом ёфт. Мақомоти Ишқобод раҳбарони мухолифинро ҳушдор доданд, ки онҳоро баробари вуруд ба қаламрави Туркманистон боздошт хоҳанд кард.

Бо ин вуҷуд, раҳбарони мухолифини туркман аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикову Русия даъват кардаанд, бо истифода аз нуфузи худ мақомоти давлати Туркманистонро ба баргузории як интихоботи демократӣ бо ширкати номзадҳои мухолифин ва таҳти назари нозирони байналмилалӣ мутақоид созанд. Бар асоси қонунҳои Туркманистон, номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро Халқ Маслаҳати таъйин мекунад. Вале Абдӣ Қулиев, собиқ вазири хориҷаи Туркманистон, ки бо Родиёи Озодӣ аз Норвегия сӯҳбат мекард, гуфт, мухолифин ҷиҳати пешбарии як номзади воҳид ба интихоботи дарпешистода тавофуқ кардаанд: "Созмони мо - Иттиҳоди нирӯҳои демократии Туркманистон Нурбердӣ Нурмуҳаммадовро ба ҳайси номзади худ пешбарӣ мекунад. Ӯ як шахсияти саршинос, як демократи шинохтаест, ки аз ибтидо барои демократия дар Туркманистон мубориза мебурд."

Нурмуҳаммадов ҳанӯз дар поёни солҳои ҳаштодум созмони сиёсиеро бо номи "Оғзибирлик"ё худ "Ваҳдат" таъсис дода буд, вале ҳатто баъди баста шудани ин созмон ҳам дар Туркманистон ба сар мебурд. Вале Абдӣ Қулиев мегӯяд, Нурмуҳаммадов аз 23 декабр инҷониб бедарак шудааст ва касе аз хешовандонаш дар бораи куҷо будани ӯ чизе намедонад. Ба гумони мухолифини туркман, Нурбердӣ Нурмуҳаммадов боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG