Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳар касеву равзане


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

«Ташхис-ул-латоиф» Лутфи 4.


Салом. Агар хуб бияндешем, дар арафаи Соли Нав ба ҳар яки мо ҳодисае ё воқеъае рӯй медиҳад. (албатта, ман вақоеъ ва ҳодисаҳои бахайрро дар назар дорам) ва пас аз гузаштани соле, дар арафаи Соли Нави оянда мо он воқеъаи бо мо рухдодаро чун латифа аз даҳони дигарон мешунавем ва ҳайрон ҳам мешавем. Охир, мо ку онро ба касе нақл накарда будем? (дар ҳушёрӣ.)

Магар воқеъаи бо мо рӯйдода бо дигарон ҳам рӯй додааст? Ё воқеъаю латифа чун мурғу тухманд, ки касе намедонад, кадоме аз онҳо аввал ба дунё омадаанд? Инак, чанд воқеъаи имрӯза ва чанд латифаи гузашта.

Кӯдаке аз волидайнаш мепурсад: «Ман дар арафаи Соли Нав таваллуд шудаам. Дар зимистон на лаклакҳои кӯдакбиёр мепаранду на карами аз зери баргаш кӯдакмеёфтанӣ месабзад. Пас суоле ба миён меояд, ки ман аз куҷо пайдо шудаам?»
Падар базӯр аз рӯзнома чашм канда: «Туро Бобоҳои Барфӣ сохта ба мо доданд. Аз барфҳои кулӯла...»

Порсое мусулмон шуд. Мӯҳтасиб гуфт, «Ту ҳоло чунонӣ, ки гӯё нав аз модар таваллуд шудаӣ.»
Баъди шаш моҳ аҳли маҳалла ӯро пеши мӯҳтасиб оварданд, ки ин навмусулмон намоз намегузорад.
Мӯҳтасиб гуфт: «Чаро коҳилӣ дар намоз мекунӣ?»
Порсо гуфт: «На ту вақте, ки мусулмон шудам, гуфтӣ, ки нав аз модар таваллуд шудаам? Аз он таърих шаш моҳ беш нагузаштааст ва ҳаргиз кӯдаки шашмоҳаро таклифи намоз кардаанд?»

Марде дар арафаи Соли Нав ҳомилаашро ба назди духтур оварда пурсид: «Фарзанди мо кист, писар ё духтар?»
«- Замон, замони озодист", - ҷавоб дод духтур. "Бигузор, худаш интихоб кунад, ки духтар таваллуд шудан мехоҳад ё писар»

Талҳакро Худои таъоло фарзанде дод. Султон пурсид, ки «Фарзанди ту духтар аст ё писар?»
Талҳак гуфт: «Аз фақирон чӣ ояд ба ғайри писар ё духтар?»
Султон гуфт: «- Эй мардак, аз фақирон писар ояд ё духтар. Аз бузургон чӣ ояд?»
Гуфт: «Бадфеъле, носозе, золимее, хонабарандозе»


Силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло


Гуфтугӯи солинавии зану шавҳар дар мағоза. Зан: «Ман боз як торт мегирам.»
Шавҳар: «Ин тавр бошад, ман боз як шишаи арақ мегирам.»

Марде бузургбинӣ занеро хостгорӣ мекард ва дар таърифи худ мегуфт:
«-Ман марде ҳастам мӯҳташаму боркаш.»
Зан гуфт:
«- Рост мегӯи, агар мӯҳташаму боркаш набудӣ, ин биниро чиҳил сол намекашидӣ.»

Ва дар охир дар лутфи мардаки гузаштаву оянда, ки ба ҳам монанданд. (дар афкор ва кирдор)
Марде ба назди фолбин омад.
«Даҳшат!» - ба кафи дасти ӯ нигариста нидо баровард фолбин- «Зани шумо пас аз ду рӯз мемурад!»
«-Ман медонам.» Гуфт мард. «Ту беҳтараш ба ман гӯй, ки пас аз он маро дастгир мекунанд ё не?..»

Зане бадрӯй ва бадхӯй бемор шуд. Шавҳарро гуфт,
«-Агар ман бимирам, ту бе ман чун хоҳӣ зист?»
Мард нолид,
«-Агар намирӣ, чун хоҳам зист?»

Соли наватон муборак бошад!
XS
SM
MD
LG