Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қасри Миллат мина меҷӯянд


Маркази минрӯбии Тоҷикистон ба амалиёти поккорӣ дар маҳалли бунёди Кохи миллат -дар маркази пойтахти ин кишвар шурӯъ кардааст. Парвиз Мавлонқулов- ҳамоҳангсози Маркази минрӯбии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар афзуд, ки амалиёти мазкур дар пайи дарёфти дастури давлати Тоҷикистон бинобар эҳтимоли вуҷуди маводи мунфаҷира дар маҳватаи сохтмони Кохи миллат оғоз шудааст.


Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз сӯи бинокорон дар яке аз қитъаҳои маҳалли сохтмони кохи Миллат миқдоре аз минҳои зиддитонкӣ ва дигар маводу муҳиммоти ҷангӣ ошкор шуд, ки баъдан бо кӯмаки мутахассисон аз вазорати амнияти кишвар безарар гардонида шуданд. Оқои Мавлонқулов афзуд, ки дар маҳалли эҳдоси кохи Миллат қаблан фирқаи 201-и Русия дар Тоҷикистон мустақар буд ва ба эҳтимоли қавӣ ин маводи тарканда ба мерос аз нируҳои русӣ боқӣ мондааст.


Ва мақомоти давлати Тоҷикистон ба манзури таъмини амнияти комил ва осоиши бинокорон ва ҳамзамон барои халал науфтодан дар идомаи корҳои сохтмонӣ даст ба иқдоми таҳқиқ ва поккории ин минтақа задаанд. Ҳамин ҳоло барои таҳқиқ ва бозрасии маҳалли сохтмон сагони минҷӯ ва як гурӯҳи минрӯбон ҷалб карда шуданд. Ин мақоми масъули Маркази минрӯбии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи барнома мебоист амалиёти ҷустуҷӯӣ дар маҳалли сохтмон давоми даҳ рӯз ба анҷом мерасид, аммо бо пеш омадани ҳавои номусоид аз эҳтимол дур нест,ки ин кор бо таъхир поён пазирад.


Вай афзуд, то ҳоли ҳозир минрӯбон чизе аз маводи мунфаҷираро дар ин ҷо кашф накардаанд. Аммо бо анҷоми корҳои ҷустуҷӯи низ наметавонанд итминон бидиҳанд , ки ҳудуди 28 ҳазор метри мукааби маҳалли сохтмони кохи Миллат сад дар сад поккорӣ ва амн шудааст. Зеро онҳо ҳоло танҳо қабати болои хоки ин минтақаро таҳқиқ мекунанд ва аз сӯи дигар амалиёти ҷустуҷӯ ва поккории ин минтақа мебоист қабл аз оғози корҳои сохтмонӣ сурат мегирифт.


Сохтмони кохи Миллат дар маркази шаҳри Душанбе се соли қабл оғоз ва интизор мерафт дар соли равон мавриди истифода қарор бигирад. Аммо то кунун корҳои сохтмонии он идома дорад ва замони ба истифода додани он низ номаълум боқӣ мондааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе.
XS
SM
MD
LG