Пайвандҳои дастрасӣ

Талоше барои ҳимоят аз арчаҳои Бадахшон


Ҳифозати боғи набототи Помир дар арафаи Соли нав пурзӯр гардидааст. Маъмурияти боғ мегӯяд, ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз тахрибкориҳо рӯи даст гирифта мешавад. Саодатқадам Саодатқадамов, корманди боғи наботот гуфт, дар арафаи соли нав тахрибкорон дарахтони арчаро ба хотири ороиши хона ва ё базмҳои кӯчагӣ мебуранд.

Ба гуфтаи доктори улуми набототшиносӣ Довуд Наврӯзшоев, дар боғи набототи Помир наздики 2,5 ҳазор рустанӣ ва дарахтони нодир, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он месабзанд, парвариш мешаванд. Вай гуфт, дар ин боғ ҳамчунин панҷ намуди арча, ки дар Бадахшон мерӯянд, нигоҳубин мешавад. Яке аз ин намудҳои арча хоси минтақаи Бадахшон буда, дар илми набототшиносӣ бо номи арчаи шуғнонӣ ёд мешавад.

Ба ақидаи олими набототшинос, таваҷҷӯҳ ба арча дар Бадахшон на аз Шӯравӣ мерос мондааст, балки решаи қадимтар доштааст. Дар Помир арча бинобар бӯи хуш доштанаш дар маросимҳо истифода мешудааст. Дар Помири Шарқӣ қабрҳоеро дидан мумкин аст, ки бо чӯби арча пӯшонда шудаанд. Дар Помири Ғарбӣ он дар маросими чароғравшан ва чароғак задан дар идҳои исломӣ мавриди истифода қарор доштааст.

Ҳамчунин, оиди ин дарахти ҳамешасабз дар байни мардуми Бадахшон ривояте роиҷ аст, ки гӯё аз ангуштарини Сулаймон-ҳокими вуҳушу туюр тасодуфан оби ҳаёт бар сари ин дарахт рехта ва онро ҳамешасабз сохтааст.
XS
SM
MD
LG