Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Туркманбошӣ ба Туркманистон бармегарданд?


Даргузашти президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов умеди бозгашти дубора ба ватанро дар дили мухолифини дар ғурбат қарордоштаи туркман бедор кардааст.

Раиси пешини бонки миллии Туркманистон Худойбердӣ Оразов ва сафири собиқи Ишқобод дар Туркия Нурмуҳаммад Ҳанамов, ки бо як ҳайъати Иттиҳоди нирӯҳои демократии Туркманистон аз рӯзи шанбе дар Киев, пойтахти Украина ба сар мебаранд, хостори мусоидати давлати Украина дар амри таъмини бозгашти шоистаи мухолифини давлати Ниёзов ба Туркманистон шудаанд. Нурмуҳаммад Ҳанамов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби маҳз дар Киев гирди ҳам омадани раҳбарони мухолифини туркманро чунин шарҳ дод:

"Дар Украина мо метавонем озодона амал кунем, бо матбуот сӯҳбатҳо биороем. Дар ин ҷо мо метавонем назариёт ва хостҳои худро озодона баён кунем. Маҳз ба ҳамин далелҳо мо имрӯз дар Киев қарор дорем."

Мухолифини туркман мӯътақиданд, ки давлати Украина ба арзишҳои демократӣ эҳтиром қоил аст ва дар ҳеҷ сурат онҳоро ба дасти мақомоти Ишқобод нахоҳад супурд.

Аз сӯи дигар, Украина аз харидорони умдаи гази Туркманистон ба ҳисоб рафта, тақрибан дар тамоми тӯли раҳбарии Сафармурод Ниёзов равобити ҳасана бо мақомоти Ишқободро ҳифз карда буд. Аз ин рӯ, мухолифини туркман умедворанд, ки Украина метавонад нақши миёнҷӣ байни онҳо ва давлатдорони нави Туркманистонро иҷро кунад. Оразов ва Ҳанамов рӯзи душанбе (25 декабр) дар Киев изҳор доштанд, ки онҳо бо як барномаи омодаи ислоҳоти демократӣ ба Туркманистон бар хоҳанд гашт. Намояндагони мухолифини туркман дар Киев ба мардум ва давлати нави Туркманистон ва ҳамчунин ба ҷомиаи ҷаҳонӣ муроҷиъатнома навишта, аз ҷумла хостори ширкат дар иҷлосияи Халқ Маслаҳати шудаанд. Қарор аст, 26 декабр ин ниҳоди машваратӣ дар Ишқобод номзадҳо ба интихоботи ҷадиди раёсати ҷумҳурии Туркманистонро таъйин кунад. Мухолифини туркман аз ҷумла умедворанд, ки Киев парвози онҳоро то Ишқобод таъмин хоҳад кард.

Вокуниши мақомоти Украина ба ин ҳама ҳанӯз маълум нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки оё фиристодаҳои мухолифини туркманро дар Киев кадоме аз мақомоти Украина ба ҳузур пазируфтааст.

Аммо мақомоти амниятии Туркманистон билофосила раҳбарони мухолифинро аз ҳар навъ қасди бозгашт ҳушдор дода гуфтаанд, ки онҳо ба муҷарради вуруд ба қаламрави кишвар боздошт хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG