Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Масъуд Собиров. Такрори бӯҳрони Ҳизби демократ?


Саидҷафъар Усмонов, муовини аввали раиси Ҳизби демократи Масъуд Собиров бо эьломи ин хабар дар як нишасти матбуотӣ гуфт, раиси ҳизб бидуни машварат ва мувофақа бо аъзои Раёсат хостори пайвастан бо Ҳизби демократи Искандаров шудааст.

Вай ин баёнияи Масъуд Собировро як навьи хилофкорӣ бо оинномаи ҳизб, ҳамзамон оқои Собировро дар камфаъолиятӣ муттаҳам кард. Оқои Усмонов афзуд, аз ин хотир раёсати Ҳизби демократ ба натиҷае расидааст, ки то баргузории анҷумани ояндаи ҳизб ӯро аз ин мақом барканор кунад. Вай афзуд:

«Мо ба шахсияти Масъуд Собиров расиданӣ нестем. Ӯ ҳамҳизби мо аст, бародари мо аст. Оянда умед дорем бо мо дар ҳизб мемонад ва ҳамкорӣ мекунад. Ҳамин тавр бояд шавад. Ҳоло дар бораи фаъолияти кории ӯ гап мезанем, дар бораи ҳизб. Аммо дар бораи шахсияти ӯ - ӯ инсони хуб аст. Мо солҳои зиёд ӯро мешиносем. Инро набояд рад кард»

Ҳизби демократи Масъуд Собиров дар баробари Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар арафаи интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон рӯйи майдони сиёсати кишвар омад.

Ҳизби демократи Масъуд Собиров аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон расман эътироф шуд ва бар хилофи Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки интихоботи раисҷумҳурро таҳрим эълон кард, дар интихобот ширкат намуд.

Раҳматулло Валиев, муовини Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, нобоварии як идда дар ҷиноҳи Собиров низ як бозии навбатӣ ва қобили пешбинӣ буд. Вай афзуд: «Собиров миёни инҳо як нафаре буд, ки тавассути ӯ бояд дар Ҳизби демократ ҷудоӣ ба вуҷуд оварда мешуд. Собиров ҳам ин вазифаи таърииашро дар назди ин ҷиноҳ иҷро кард ва имрӯз нодаркор шуда монд»

Оқои Валиев афзуд, ҷудоӣ дар ҷиноҳи Ҳизби демократи Масъуд ибтидои аз байн рафтани ин ҷиноҳ аст.Талошҳои мо ҷиҳати дарёфти вокуниши Масьуд Собиров ба ин тасмими ҳамҳизбонаш бинобар ба хориҷ аз кишвар сафар кардани ӯ натиҷа надоданд.

Саидҷафъар Усмонов, муовини аввали райиси Ҳизби демократи Масъуд Собиров гуфт, интихоби райиси нав дар Анҷумани фавқулоддаи Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 14 январ мавриди баррасӣ қарор мегирад ва танҳо аъзои ҳизб маълум хоҳанд кард, ки Масъуд Собиров райиси ҳизб мемонад ё хайр.
XS
SM
MD
LG