Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирини кории Раштонзамин


Муҳоҷирини кории водии Рашт тайи 11 моҳи соли равон аз тариқи бонкҳои мухталифи фаъъол дар ин минтақа ҳудуди 6 миллион доллари амрикоӣ аз хориҷ ба кишвар интиқол додаанд.


Саидмаҳмад Саидмаликов муовини масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар води Рашт бо баёни ин матлаб ба радиои Озодӣ гуфт ин арқом дар муқоиса бо як соли пеш барои ин минтақа ҳашт баробар бештар будааст.


Оқои Саидмаликов эътимоди муҳоҷиринро ба интиқолҳо натиҷаи сафарҳои анҷом додаи масъулини бонкҳо ба Русия арзёбӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол сокинони минтақаи шарқи Тоҷикистон мегуянд фаъол шудани бонкҳои зиёд дар минтақа мушкили сокинони онро аз лиҳози интиқоли пул аз хориҷ ба кишвар ҳамакнун осон кардааст.

Феълан гуфта мешавад дар навоҳии шарқи Тоҷикистон бахшҳои маҳаллии Бонки миллӣ, Ориёнбонк, Агроинвестбонк ва Тоҷикпромбонк фаъоланд.

Маҳмуди Шодӣ,ноҳияи Рашт
XS
SM
MD
LG