Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет чанд пул?


Агар хоҳиши бевосита аз манзили худ ба шабакаи ҷаҳонии интернет васл шуданро доред, пас ба ин матлаб таваҷҷӯҳ бикунед!

Ширкатҳои интернетии Тоҷикистон, ки шуморашон ба 20 адад мерасад, бо ду усул ба муштариён хизмат мерасонанд:

1) Васлшавӣ тавассути телефон, ки истифодаи як соати он аз 30 дирам то 3 сомонӣ арзиш дорад. Ин ҳам вобаста ба соати рӯз, яъне муштарӣ метавонад баъд аз соати 6 ва ё 8 - и бегоҳ то нимашаб аз интернет нисбатан арзон ва ё умуман ройгон истифода барад.

2) Иртиботи мустақим бо интернет, ки барои истифодаи он корхона ё шахсони алоҳида бо ширкат шартнома мебанданд.

Иртиботи мустақим, ки бо суръати тези интернет муштариро таъмин мекунад, нисбатан гаронтар аст. Барои мисол, ширкати Телеком Текнолоҷи ду навъи пайвастшавии мустақилро пешниҳод мекунад, ки яке аз истифодабаранда барои як моҳ 64 доллар ва дигар 30 доллар талаб мекунад. Вобаста ба хубии суръати интернет. Аммо пайвастшавӣ ё шартнома бастан бо ин ширкат барои шахсони алоҳида 100 ва ширкатҳо 120 доллар муаян шудааст.

Як намуди дигари хизматрасонии интернетӣ барои он нафароне, ки аз хонаҳояшон ба интернет пайваст мешаванд, ин тариқи кортҳо мебошад. Ҳар як корт вобаста ба он ки чанд соатро дар бар мегирад аз 3 то 100 долар нарх дорад, аммо ба гуфти кормандони ширкатҳои интернетӣ таи як соли ахир нархномаи интернет дар Тоҷикистон нисбатан арзонтар гаштааст.

Як соати истифодабарии интернет тавассути марказҳои интернетӣ, ки сокинони кишвар ғолибан аз он истифода мекунанд аз яку ним то 3 сомониро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG