Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтарин варзишгарони сол


Hарзуллоҳи Латиф

Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бо баргузории як назархоҳӣ даҳ нафар беҳтарин варзишгарони ин кишварро дар соли 2006 муайян кард

Дабири кулли ин анҷуман Фарид Солеҳов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назархоҳӣ ҳудуди 50 хабарнигор аз 25 расонаи хабарии дохилӣ ва хориҷӣ ширкат варзида, дар пурсишнома 28 варзишгарро, ки намояндаи 15 риштаи варзишанд, номбар карданд. Мувофиқи натоиҷи назархоҳӣ ба рӯйхати беҳтаринҳо намояндагони нӯҳ риштаи варзиш - қаҳрамонону ҷоизадорони понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ, барандагони мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ дохил шуданд.

Бад- ин тартиб, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инҳо дохил шуданд:

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ дар риштаи гурзандозӣ,Ҷаҳон Қурбонов, барандаи медали тиллои ин бозиҳо дар риштаи бокс,Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ дар риштаи гуштии дзюдо, Шокирҷон Раҷабов, барандаи ҷоизаи биринҷии бозиҳо дар риштаи таэквон-до WTF, Толеъ Холназаров, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг, Пӯлодҷон Солеҳов, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо, Далер Сайфиддинов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг ва қаҳрамони Осиё дар риштаи таэквон-до ITF, Хурсанд Ҷамшедов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокси тайландӣ, Галина Митяева, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гурзандозӣ ва Хуршед Маҳмудов , барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар риштаи футбол.
XS
SM
MD
LG