Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмонов дар Ишқобод


Пас аз ширкат дар маросими дафни раисҷумҳури Туркманистон Сафармурод Ниёзов, нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 24 декабр Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар Ишқобод бо ёвари вазири умури хориҷаи Амрико Ричард Баучер дидору мулоқот анҷом дод. Масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи иҷтисодиву тиҷории Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбати онҳо будааст. Ҳамзамон ҷонибҳо пиромуни масоили истифода аз захоири обу энержии Тоҷикистон ва таъсиси бозори минтақавии фурӯши барқ табодули назар кардаанд.


Ричард Баучер гуфтааст, Тоҷикистон бо истифода аз ин роҳ метавонад дар рушди иқтисоди худ ва минтақа саҳм гузорад ва Афғонистону Покистонро бо нирӯи арзони барқ таъмин кунад. Ӯ гуфтааст, барои роҳандозии ин тадбирҳо Амрико омода аст ба Тоҷикистон кӯмак расонад.


Таҳкими ҳамкориҳо дар самти энержӣ инчунин мавзӯъи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо нахуствазири Покистон Шавкат Азиз, котиби давлатии Қирғизистон Адохон Мадумаров ва вазири захоири оби Ҳиндустон Сайфиддин Соз буд. Ҳамсӯҳбатони Раҳмонов гуфтаанд, Тоҷикистон ояндаи наздик дар бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказию Ҷанубӣ ҳукмронӣ хоҳад кард.
Носирҷони Маъмурзода
XS
SM
MD
LG