Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабс, ҳукм ва ҳуқуқ -- 2006


Давлати Тоҷикистон бо тақозои созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар иҷрои ҷазои қатлро ҳанӯз ду сол қабл мутаваққиф ва онро бо 25 соли зиндон иваз карда буд. Аммо ин банди қонуни ҷазо боз ҳам тағйир ёфт ва Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Бунгоҳи мубориза бо маводи мухаддир дар шумори нахустин афроде қарор гирифт, ки Додгоҳи олӣ ин ҳукмро ба ӯ раво донист. Вале бо гузашти наздик ба ним сол оқои Мирзоев дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад, ки ин боиси нигаронии ӯ ва вакилони мудофеъаш шудааст. Ҳамчунин Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Тоҷикгаз, ки ба давраҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд ҳанӯз ҳам дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз замони эъломи ҳукми ин нафарон аз 1 то 3 сол сипарӣ мешавад.


Бештари коршиносони тоҷик бар инанд, ки нигаҳдории ин афрод дар маҳбаси муваққат аз сӯи мақомот бо ҳадафи қатъи равобити онҳо бо олами беруна будааст. Зеро онҳо дар ҷомиа тарафдорони худро доранд ва дар сурати барқарории равобит эҳтимол меравад, ки оромиш халалдор шавад
Нуралии Давлат, коршиноси тоҷик, мегӯяд , дер ё зуд масъалаи бархе аз зиндониёни тоҷик, ки дар ҳабс низ ҳуқуқҳои онҳо поймол мешавад, мавзӯи баҳси созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон чунин иддаоро бепоя мехонад. Вай гуфт дар соли 2006 ҳамагӣ 5 нафар аз сӯи Додгоҳи Олӣ ба ҳабси якумра маҳкум шудаанд. Ва сабаби нигаҳдории онҳо дар боздоштгоҳи муваққат набуди шароити хос барои чунин гурӯҳи маҳкумин аст.

Раҷаби Мирзо, раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров дар Душанбе, ки бо иттиҳоми ташкили як пикети суратнагирифта дар назди Вазорати адлия ду рӯз пеш аз баргузории интихоботи раиси ҷумҳурӣ ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум шуд гуфт, ки дар боздоштгоҳ муфаттишин бо вай бадрафторӣ накардаанд. Аммо вай мегӯяд то ҳоло нафаҳмадидааст, ки гуноҳи ӯ чист ва масъулин низ собит накардаанд , ки ӯ кадом қонунеро вайрон кардааст.

Бо ин ҳол аввалин бор дар як нишаст дар Женева, мақарри Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ дар моҳи ноябр бо ширкати масъулини давлати Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ гузориши расмии Тоҷикистон ва ҳамчунин гузориши алтернативии созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар дар робита бо вазъи ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қаҳрамон Сангинов, ҳуқуқдон аз созмони ғайридавлатии Дафтари ҳуқуқи башар ва яке аз муаллифони гузориши алтернативӣ, ки дар ин нишаст ширкат доштааст, гуфт дар бештари мавридҳо ҳайати давлати Тоҷикистон натавонистааст, ба суолҳои аъзои ин кумита посухи рӯшан бидиҳад. Ин ҳам ҳам дар ҳолест, ки ба бовари таҳлилгарон вазъи риояти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар гумон аст, рӯ ба беҳбуд оварад. Таҳлилгарон барои таъйиди ин назар бар қонуни афви умумии эъломкардаи давлат дар соли равон, ки ба ҳеч яке аз чеҳраҳои маъруфи зиндонӣ ва ё дар фирор аз кишвар татбиқ нашуд ва ҳамчунин дар раъси ҳама ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ баъди навсозии ҳукумати Тоҷикистон афрод аз як минтақа мансуб шудаанд, ишора мекунанд. Ба вижа баъд аз онки раёсати Додгоҳи Олӣ низ ба намояндаи ҳамин минтақа вогузор гардид. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси ислоҳоти ворида ба Қонуни асосӣ дар соли 2003 раис ва ё додраси Додгоҳи Олӣ барои 10 сол интихоб мешавад, дар ҳоле, ки раиси пешин ҳамагӣ 2 сол пеш ба ин вазифа таъин шуда буд.
XS
SM
MD
LG