Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2006


Аз ҳама лаҳзаи фаромӯшношуданӣ дар соли 2006 ин дар фасли тобистон баланд гаштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳар сол дар мавсими тобистон нарх арзон мегашт, аммо дар соли 2006 ......

Шӯҳрат
---------------------------------------


Дӯстон, салом. Роҳ ёфтани футболбозони навраси тоҷик ба қахрамонии ҷаҳон-2007 ва ба нахустин ду нишони тилои Бозихои Осиё даст ёфтани варзишгарони точик: гурзандоз Дилшод Назаров ва муштзан Ҷаҳон Қурбоновро метавон аз дастовардҳои баланди варзишкорони тоҷик дар соли 2006 унвон кард.

Шоҳшӯҳрати Пушёнӣ.
--------------------------------------

Бештар барои ман таҳдидҳои Амрико ба Эрон дар ин сол писанди хотир набуд. Суханрониҳои Аҳмадинажод ва сарвари Венесуэло Уго Чавез барои ман хотирмон буд, шояд асло аз хотирам наравад.

Дар мавриди Тоҷикистон чизе бароям хотирмон нест, чунки рӯйдодҳо ҳама маъмулӣ буданд. Вале 2006 барои шахси ман соли фаромӯшнашуданист.

Баҳман
-------------------------------------

Cалом дӯстони азиз ва кормандони радиои Озодй!

Пеш аз ҳама ҳулули соли нав ва иди сайиди Қурбонро ба ҳамаи ҳамватанони азиз табрик ва таҳният гуфта, тамоми бурдҳову комёбиҳоро барояшон орзу дорам.

Ба назараи ман, аз рӯйдодҳои таърихии соли 2006 метавон нокомии сиёсати Буш ва ҳизби ӯ дар Ироқ ва ҳамлаи Исроил ба Лубнон ва куштори мардуми бегуноҳро метавон зикр кард.

Аз рӯйдодҳои таърихии Тоҷикистон даргузашти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои 7 соли дигар, идомаи қашшоқиҳо ва муҳоҷирати тоҷикон ва сиёсати маҳалгароёна дар кишвар.

Худо кунад, соли 2007 соли бобарортар бошад.
Ташаккур.
Аҳмад
--------------------------------------

Ассалому алайкум хонандагони гиромиқадр.

Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2006 аз нигоҳи мо ин буд, ки дар охири соли 2006 бо қонунгузории ҳукумати Русия, аз моҳи январи соли 2007 ба кор даромадани қонуни нав дар ҳаққи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Дар ин хол муҳоҷирони тоҷик бо бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Ҳаминро мо муҳимтарин рӯйдод мешуморем.
Бо эҳтиром ба радиои Озодӣ,
аз номи як гурӯҳ
муҳоҷирони саргардони тоҷикистонӣ.
-------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG