Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба як фурудгоҳи Узбакистон даст ёфт


Ҳарбиёни Узбакистон хабари матбуоти Русияро, ки Маскав ба истифодаи яке аз фурудгоҳҳои Узбакистон даст ёфтааст, тасдиқ карданд.


Матбуоти чопи Маскав ба нақл аз ноиби фармондеҳи нирўҳои ҳавоии Русия, генерал лейтенант Айтех Бижев гуфтаанд, ду давлат дар гуфтушунидҳои паси дарҳои баста дар моҳи гузашта ба тавофуқ расидаанд, ки нирўҳои Русия метавонанд, аз фурудгоҳи Навоӣ дар дар шарқи Узбакистон истифода кунад. Вале дар ин тавофуқ Узбакистон шарт гузоштааст, ки истифода аз фурудгоҳ ва ҳарими ҳавоӣ метавонад, танҳо дар вазъиятҳои фавқулодда сурат гирад.


Рўзи 22 декабр ҳайъати Узбакистон дар нишасти вазирони умури берунаи Паймони амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Минск ин хабарро тасдиқ кард ва ҳамучунин гуфт, Узбакистон мехоҳад узви фаьоли ин иттиҳод бошад.

Баъд аз рўйдодҳои 11 сентябри Иёлоти Муттаҳида ва шурўъи амалиёти зидди ваҳшатафканӣ дар Афғонистон ҳукумати Узбакистон ба нирўҳои Амрико имконият дода буд, дар фурудгоҳи Хонободи ин кишвар як пойгоҳи ҳавоӣ таъсис диҳанд. Аммо дар сояи рўйдодҳои Андиҷон Тошканд ин пойгоҳро дар соли 2005 баҳам зад ва нирўҳои Иёлоти Муттаҳидаро аз қаламраваш хориҷ кард.
XS
SM
MD
LG