Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қаҳрамонҳои Бозиҳои Осиёӣ мукофоти пулӣ эҳдо шуд


Варзишгарони тоҷик - ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар бо мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳар кадом қаҳрамони понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ - гурзандоз Дилшод Назаров ва муштзан Ҷаҳон Қурбонов 1800 долларӣ супурда шуд. Ду нафари дигар - барандагони медалҳои биринҷии Бозиҳои Қатар Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо ва Шокирҷон Раҷабов дар риштаи таэквон-до 800 долларӣ гирифтанд. Ин маблағ ба варзишгарони тоҷик аз сӯи Ширкати мухобиротии «Вавилон» - сарпарасти аслии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии ин кишвар эҳдо шуд.

Оқои Солеҳов, ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи ҷумъаи 22 декабр намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки моддӣ карданд. Тӯбҳои футболу баскетбол, волейбол, мизҳо барои бозии теннис ва дигар лавозимоти варзишӣ ба мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони кишвар тақдим мешаванд.

Ин кӯмак, афзуд оқои Солеҳов, бар асоси созишномаи ҳамкориҳо миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Чин, ки моҳи июли соли 2006 ба тасвиб расидааст, расонда шуд. Ҳамчунин Кумитаи миллии олимпии Чин ба варзишгарони тоҷик барои омодагии онҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG