Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи ҳамдардии президенти Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёме ба иҷрокунандаи вазифаи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз саҳми Сафармурод Ниёзов дар сулҳу оштии Тоҷикистон ситоиш кард. Вай гуфт нахустпрезиденти Туркманистон, ки дар тақвияти истиқлолияти кишвари худ ва пешрафти он хидмати босазо кардааст, тарафдори содиқи таҳкими муносибатҳои ҳасана миёни кишвараш ва Тоҷикистон буд.

Президент Раҳмонов дархост кард, аз номи мардуми Тоҷикистон ба пайвандони президенти фавтидаи Туркманистон ва мардуми Туркманистон ҳамдардӣ ва ғамшарикии самимона расонда шавад.

Қарор аст, як ҳайъати давлатии Тоҷикистон барои ширкат дар расми дафни Сафармурод Ниёзов ба Ишқобод сафар кунад.
XS
SM
MD
LG