Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши Тоҷикистон дар соли 2006


Зеро ин барои бори аввал аст, ки ду варзишгари тоҷик ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ даст ёфта, ду нафари дигар бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Ба андешаи Наргис Набиева, ноиби раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ин дастовардҳо ба рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд:

«Тоҷикистон дар ин бозиҳо аз 21 кишвари қора пеш гузашта, дар мақоми 24-ум қарор гирифт. Кишвари мо, минҷумла аз давлатҳои Осиёи Марказӣ - аз Қирғизистон чаҳор зина, аз Туркманистон нӯҳ зина ва аз Афғонистон 12 зина болотар ҷой гирифта, дар минтақа пас аз Қазоқистон ва Узбакистон ҷойи севвумро ишғол кард.»

Вале, мутаассифона, иброз дошт хонум Набиева, дар Бозиҳои Қатар ба ҷуз варзиши сабук, бокс, гуштии дзюдо ва таэквон-до, намояндагони дигар риштаҳои варзиш натиҷаи назаррас ба даст наоварданд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои Қатар дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 43 сантиметр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Шурӯъ аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиёӣ ин аввалин нишони тиллои варзишгарони тоҷик аст. Гурзафкани 24-солаи тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Ман тамоми сол ба ин мусобиқот омодагӣ дида, пайваста тамрин мекардам. Бинобар ин ба пирӯзии худ дар бозиҳо бовар доштам. Вале медали тилло ба осонӣ ба даст наомад. Сабқати мо дар шаҳри Доҳа зери борони сахт баргузор шуда, баъзе мушкилот пеш овард. То талоши панҷум ман дар ҷойи севвум будам ва танҳо пас аз панҷумин партофти гурз ба мақоми аввал баромада, то охири сабқат пешсафиро аз даст надодам.»

Дуввумин медали тиллои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Қатар муштзани 20-солаи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар сабқати бокс дар вазни то 81 килограмм ба даст овард. Вай дар рақобати ниҳоӣ бар варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Ҳак Сунг Сонг пирӯз шуд.Ҳамсӯҳбати дигари мо Маҳмуди Абдуллоҳ, мураббии варзидаи гуштӣ иброз дошт, ки соли 2006 барои гуштигирони тоҷик соли бобарор гардид. Бахусус дастоварди Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо дар Бозиҳои Осиёӣ шоистаи таҳсин аст. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид. Оқои Абдуллоҳ афзуд:

«Варзишгарони тоҷик дар риштаи гуштии самбо низ натоиҷи назаррас ба даст оварданд. Ду медали биринҷии паҳлавонони тоҷик - Абдулфайз Муллоев, аз шаҳри Хуҷанд дар вазни то 62 килограмм ва Пӯлодҷон Солеҳов, аз шаҳри Ваҳдат дар вазни то 90 килограмм дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон беҳтарин дастоварди самбочиёни мо дар соли 2006 мебошад.»

Вале ба андешаи Маҳмуди Абдуллоҳ иллати натоиҷи хуб ба даст наовардани бисёр намояндагони Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ, ӯ аслан дар сармоягузории ночиз ва ширкати хеле ками варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ арзёбӣ мекунад.

Варзишгарони тоҷик соли 2006 дар риштаи таэквон-до низ дар арсаи ҷаҳон шарафи Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя карданд. Минҷумла Шокирҷон Раҷабов, варзишгари 21- солаи тоҷик дар Бозиҳои Доҳа дар мусобиқоти таэквон-до барандаи медали биринҷӣ гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм бар ҳарифони худ аз Бутан ва Фаластин пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва мақоми севвумро касб кард.

Ҳамчунин таэквондочиёни тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Ҳиндустон 10 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло ба даст оварданд. Далер Сайфиддинов, Далер Тӯраев ва Парвизи Муродзода дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтанд.

Бонувони варзишгари тоҷик гарчанде дар Бозиҳои Осиёӣ медал ба даст наоварданд, вале бархе аз онҳо Галина Митяева, Нигора Ҳомидова, Екатерина Трубитсина, Кристина Коробка, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Фирӯза Зубайдова, Зарина Икромова ва дигарон дар бисёр мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаҳои варзиши сабук, таэквон-до, кикбоксинг ва камонварӣ муваффақ гаштаанд.

Соли 2006 футболбозони тоҷик низ дар таърихи варзиши тоҷик чанд саҳифаи нав кушоданд. Тими миллии футболи Тоҷикистон нахустин барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё гардид. Дастаи мунтахаби наврасони кишвар соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё гарида, ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2007 байни бозигарони то 17-сола роҳхат гирифт.

Толеъ Холназаров, вазнбардори маъруфи тоҷик аввалин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг байни варзишгарони ҳирфаӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медали тилло ба даст овард. Ӯ дар як навъи рақобатҳо - бардоштани вазн то камар бо зӯртарин вазнбардорони ҳирфаӣ аз 15 кишвари ҷаҳон қувва озмуда, дар вазни 100 килограмм бо натиҷаи 340 килограмм мақоми аввалро касб кард.

Ҳамчунин, соли 2006 намояндагони Тоҷикистон Хуршед Ҷамшедов, Сӯҳроб Ёриев дар риштаҳои ҷадид - кикбоксинг ва кураши камарбандӣ дар мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.

Соли 2006 дар Тоҷикистон низ чорабиниҳои бузурги варзишӣ баргузор шуданд. Дар Рӯзи дави миллӣ дар манотиқи мухталифи кишвар беш аз 100 ҳазор нафар афроди синну соли мухталиф ширкат карданд. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати худ дар ин пойга ба Рӯзи дави миллӣ оғоз бахшида, масофаи 3 километрро тай кард. Вай ба ширкаткунандагони Рӯзи дави миллӣ гуфт: « Мо бояд варзишгаронро дастгирӣ кунем, тарбия намоем ва ба воя расонем. Ва тамоми ҷавонон ва, умуман, мардуми тоҷикро ба ҳаёти солим сафарбар намоем.»

Бад-ин тартиб соли 2006 бо ҳама бурду бохти худ ба таърихи варзиши тоҷик ворид шуд. Ва соли нави 2007 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддист. Онҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2008 дар Пекин талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG