Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагиномаи президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов


Гӯяндаи телевизиони давлатии Туркманистон гуфт, ки раҳбари бузурги туркманҳо Сафармурод Ниёзов аз бемории қалб ба ҳалокат расид. Сафармурод Ниёзов, ки соли 1997 дар шаҳри Мюнҳен амалиёти қалбро пушти сар кардааст, моҳи гузашта барои аввалин бор расман эътироф кард, ки аз бемории қалб азият мекашад. Ниёзов соли 1985 раиси Шӯрои Вазирон ва сипас котиби аввлаи ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Туркманистони шӯравӣ таъйин шуд.

Баъди фурӯпошии Иттиҳодияи Шӯравӣ Ниёзов худро Туркманбошӣ ё худ падари туркманҳо эълон намуда, як давлати ситампеша бунёд кард. Моҳҳову рӯзҳои ҳафта ба номи ӯ ва хешовандонаш номгузорӣ шуд. Ҳайкалҳову аксҳои Ниёзовро метавон дар ҳар гӯшаи Туркманистон пайдо намуд. Хонандагони мактабҳои Туркманистон ҳар субҳ ба Туркманбошӣ савгандӣ садоқат ёд намуда, "Рӯҳнома"-и ӯро ҳамчун китоби муқаддас аз бар мекунанд. Ниёзов бархе аз ҷумбишҳову сиёсатмадорони мухолифи ҳукуматро дар зиндонҳо ҷой додааст. Дигарон ба тарки ин кишвар водор шудаанд.

Туркманбошӣ 19 феврали соли 1940 дар Ашқобод ба дунё омада аст. Падари ӯ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ҳалокат расид. Ниёзов дар ятимхона тарбия ёфт, зеро аснои заминҷунбии соли 1948 аъзои боқимондаи оилаи ӯ ҳалок шуданд. Номбурда дар соли 1966 Институти Политехникии шаҳри Ленингради Русияро хатм намуда, дар яке аз нерӯгоҳҳои барқи Туркманистон муҳандис шуд.
(Баргардони Искандари Хоҷамирзода)
XS
SM
MD
LG