Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони туркман мехоҳанд, ба ватан баргарданд


Аъзои оппозисюни Туркманистон, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, эълон карданд, омодаанд, акнун, баъд аз марги президент Ниёзов ба ватан баргарданд. Раҳбарияти Иттиҳоди нирӯҳои демократии Туркманистон мегӯяд, аллакай масъалаи ин бозгаштро, ки бояд дар ояндаи наздик сурат гирад, баррасӣ кардааст.

Имрӯз ба думболи даргузашти Сафармурод Ниёзов ноиби сарвазир ва ҳамзамон вазири беҳдошти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат номида шуд. Телевизиони давлатии Туркманистон хабар дод, ки Бердимуҳаммадов раиси кумисюни давлатии дафни Ниёзов баргузида шудааст: "Тибқи суннатҳои Туркманистон барои дафни президент Ниёзов кумисюни давлатӣ таъсис ёфт. Раҳбарии ин кумисюн ва тарҳрезии маросими дафн бар дӯши ноиби сарвазир, вазири беҳдошти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузошта шуд."

Ба иттилоъи ҳамин манбаъ расми дафни Сафармурод Ниёзов рӯзи 24-уми декабр баргузор шуда, дар кишвар ҳафт рӯзи мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG