Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Туркманбошӣ


Ба Сурайё гуфтаниам, мардумро ба бузу гӯсфанд ташбеҳ надеҳ. Ҷаноби олии тоҷикро мо худамон ва кормандони дар паҳлуяш буда ситоиш мекунем. Мо худамон кӯшиш мекунем, ки аз ҷаноби оли як доҳӣ созем, вале худи ҷаноби олӣ ин хушомадзанӣ ва ситоишгариро хуш надорад.

Тоҷиддин
---------------------------------------

Ҳамватанони азизи мо, ки дар баҳогузории сиёсати Туркманбошӣ хеле фаъоланд, аммо агар ин баҳс дар мавриди раиси ҷумҳури Тоҷикистон чаноби Э.Раҳмонов ҷараён бигирад, оё эшон метавонанд ҳамин гуна фаъол бошанд?

Охир "Буз гусфандро хандидааст" мегӯянд, шумо аввал як чашм кушода, диктатори худро бубинед, баъд сухан аз боби озодии мардуми туркману узбек огоз кунед. Ба фикри ман, аз "ҷаноби оли"-и худамон дида раҳбари беинсофтар дар тамоми ҷаҳон нест!
Бо камоли эҳтиром
Сурайё
--------------------------------------

Салом, ҳамдиёрони азиз.
Ин суол дар зеҳни ҳама ҳаст, ки Туркманбошӣ кист? Ба осонӣ ва мухтасар мехоҳам баён кунам, дар навбати аввал:
Сафармурод Турманбошӣ -- Душмани озодӣ ва демократия. Диктатор!
Аммо тавонист, ҳадди ақал мардуми кишварашро бо газу нефт таъмин кунад, на мисли мо ки об дорем, барқ дорем, аммо дар Торикистон зиндагӣ мекунем.
Умедвор ҳастем, ки Туркманистон аз ин ба баъд рӯ ба демократия мешавад.
Ташаккур.

Аҳмад
----------------------------------------

Ин мусибатро ба бастагони Туркманбошӣ тасаллият мегӯям ва ин саъодатро ба мардуми озодандеши он кишвар таҳният.

Сарвар
---------------------------------------

Салому алейкум.
Вой бар шумо ки Тоҷикистони азизро ин қадар паст мезанед. Ман қариб 50 дӯсти туркман дорам ва ҳамаи онҳо аз вазъи давлати худ норозиянд. Шумо як бор фикр кунед, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ шуд, вале боз ҳам вазъи он беҳтар аст.

Ҷовидон
--------------------------------------

Лидер акнун кӣ мешуда бошад?
Ҳоло ҳамаи буҷети Туркманистон дар ҳисоби шахсии Туркманбошӣ буд. Акнун он қадар пул ба кӣ мерос мемонда бошад. Ба оилааш ё ки ба Туркманистон? Туркманҳо бояд шукр кунанд, ки аз ин хел одам халос шуданд.

Киропол
--------------------------------------

Салом.
Ба назари ман, оқои Сафармурод Ниёзов яке аз ходимони таърих, забон ва адабиёти миллати туркман буд, муҳим нест, ки ҳатман ҳама аз ӯ розӣ бошанд.

Ашқободро мисли арӯсак зебо кард, дар ҳоле ки саҳрое беш набуд. Он андоза талошҳое ки барои миллати туркман кард, бахусус дар иртиқои ҳувияти миллии туркманҳо 10 дарсадашро раисони дигар кишварҳои Осиёи Миёна накардаанд.

Сайвалӣ
--------------------------------------

Салом, бародарон!
Некиҳо ва бадиҳои марҳум Туркманбошӣ.
Некиҳояш: Ба фикри ман, Туркманбошӣ то ҷое ки тавонист, дасти кишварҳои бонуфузи дуру наздикашро аз дахолат ба умури кишвараш кӯтоҳ кунад.
Бадиҳояш: Бо ин ҳама сарватҳои табиӣ натавонист, туркманҳоро ба як миллати бонуфуз дар минтақа табдил диҳад.

Мири Шаб
--------------------------------------

Ман ба Комрон гуфтаниям, ки бале зиндагии туркманҳо аз тоҷикон беҳтар аст. Аз ин зиндагӣ чӣ фоида? Барои ман озодӣ беҳтар аст. Агар озодӣ набошад зиндагӣ мисли торикистон аст. Ҳеч гоҳ ба зиндагии туркманҳо ва узбакҳо ҳасад набаред. Онҳо газу барқ доранд, вале як сония ҳам озод нафас намекашанд. Оё медонед, ки дар деҳаҳо ва шаҳрҳои Туркманистону Узбакистон оилаҳое ҳастанд, ки ба як танга зоранд?

Тоҷиддин
--------------------------------------

Акнун диктотурро монанди Ленин ба Муозолей ҷой мекунанд. Хайр, туркманҳо дар замони ин шахс дар Москав муҳоҷирӣ намекарданд.
--------
Бале, туркманҳо муҳоҷирӣ намекарданд, вале на аз он ки эҳтиёҷ надоштанд, балки иҷозат надоштанд. Дарвоқеъ, се ҳафта пеш муқаррароти нав барои аз Туркманистон баромадан аз ҷониби Ҳукумати ин кишвар(дурустараш Туркманбошӣ) дарҷ гашта буд, ки аз системи собиқ шӯравӣ дида бадтар аст ва айни муқаррароти Кореяи Шимолиро мемонад. Агар ҳамин хел идома ёбад, туркманҳо на танҳо ба хориҷ, балки барои вилояти дигар рафтанашон иҷозат (разрешение) бояд гиранд.

Ҷумъа
--------------------------------------

Нисбат ба нигоштаи ҷаноби Комрон.

Бале туркманҳо тоҷик нестанд ва буда ҳам наметавонанд. Ман сари он гуфтаниям, ки бо Торикистон гуфтан мо ватанро обод карда наметавонем. Беҳтараш бояд фаъолиятамонро барои ояндаи кишвар нишон диҳем ва ба суи ватан-модар санг наандозем.
Туркманистон ба пеш меравад ё қафо ба мо дахл надорад, вале нашавад, ки бо ҳар баҳона Тоҷикистони азизи худро бад гӯем. Агар аз ҳукумати давр норизо бошед, бо торикистон гуфтанҳо ягон мансабдорро мижгонаш хам намехӯрад.

Баҳман
-------------------------------------

Ба ҳар ҳол вазъи мардуми Туркманистон аз Тоҷикистон (торикистон) хеле беҳтар аст. Дар мавриди авзоъи Туркманистон ҳеч як тагйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ нахоҳад пайваст, зеро аксари туркманҳо ба идеяи ТУРКМАНБОШИ-и марҳум ва "РӮҲНОМА"-и ӯ содиқ мемонанд.

Комрон
--------------------------------------

Акнун диктотурро монанди Ленин ба Муозолей ҷой мекунанд. Хайр, туркманҳо дар замони ин шахс дар Москав муҳоҷирӣ намекарданд.
----------------------------------------



Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG