Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманбошӣ даргузашт


Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки 21 соли ахир ин кишварро идора мекард, соати яки шаби рӯзи 21 декабр дар синни 66 солагӣ аз олам даргузашт.


Телевизиони давлатии Туркманистон бо нашри вижаи фаврӣ ин хабарро расман таъйид кард. Сабаби марги Туркманбошӣ аз кор бозмондани дили ӯ унвон шудааст. Телевизиони давлатии ин кишвар гуфтааст, «падари туркманҳо» 21 соли ахир ҳукуматро идора менамуд ва бунёдгузори истиқлоли кишвар мебошад. Дар муроҷиат ба мардуми кишвар тавассути телевизиони давлатӣ, аъзои Шӯрои давлатии амният, кобинаи вузаро ва вакилони порлумони Туркманистон таъкид карданд, ки дар ин соатҳои душвор мардуми Туркманистон, ки содиқ ба арзишҳои миллии давлатдории туркман мебошанд, сиёсати интихобнамудаи Туркманбоширо идома хоҳанд дод.


Сафармурод Ниёзов 19 феврали соли 1940 дар шаҳри Ишқобод таваллуд шудааст. Падари ӯ дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва модару ду бародараш дар зилзилаи соли 1948 ҳалок гардидаанд. Сафармурод Ниёзов дар парастишгоҳи ятимон бузург шуда буд. Фаъолияти кории худро пас аз хатми мактаби миёна соли 1959 ҳамчун коргари оддӣ оғоз намуда ва дар ниҳоят, моҳи декабри соли 1985 котиби авали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркманистон интихоб шуда буд.


Моҳи декабри соли 1999 Шӯрои мардумии Туркманистон Сафармурод Ниёзовро раиси ҷумҳури якумра таъин карда буд, аммо Ниёзов гуфта буд, ки соли 2008 ба ҳар ҳол интихоботи раиси ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG