Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони шаҳрванди Гурҷистон Русияро ба додгоҳ мекашанд


Пайвандони шаҳрванди 51-солаи Гурҷистон Манана Ҷабелия, ки дар боздоштгоҳи Маскав аз сактаи дил фавтида буд, тасмим гирифтанд, Русияро ба додгоҳ кашанд. Писари Манана Нико Кваратсхелия гуфт, аҳли хонавода ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо дар Страсбург ариза дода, талаб кардааст, шахсони масъули Русия, ки сабаби марги модараш шудаанд, ҷазо гиранд.


Вазорати адлияи Гурҷистон гуфтааст, аз ин талоши пайвандони Ҷабелия пуштибонй ва дар татбиқи он мадад хоҳад кард. Намояндаи ин вазорат гуфт, манфиатҳои хонаводаи Ҷабелияро вакилони ҳуқуқй аз Гурҷистон ва Русия ҳимоят хоҳанд кард. Онҳо аз ниҳодҳои марбутаи давлати Русия ҳамчунин товони маънавй ва молй талаб хоҳанд кард.


Мананa Ҷабелия рўзи 2-юми декабр дар боздоштгоҳи муваққатии полиси Маскав, дар ҳоле даргузашт, ки бемории дилаш хуруҷ карда буд ва аммо ба дорувор дастрасй надошт. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия мегўянд, боздоштҳои дастҷамъона, бадрафтории милиса ва усули муносибат ба ҳама гуна мардуми муҳоҷир сабаби ин фоҷиа шудаанд.
XS
SM
MD
LG